Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтирое, ки СОVID талабот ба онро зиёд кард.ВИДЕО


Ба назари шумо бо ангушт ва ё даст задан ба пардаи ноаён ва ё ҳаво метавон, асбоберо ба ҳаракат даровард, ё не.

Дар баъзе аз филмҳо шояд дида бошед, ки як нафар бо ҳаракати ангуштону даст, аксеро васеъ мекунад, мекашад, ё тағйир медиҳад. Ҳоло ин имкон вуҷуд дорад ва шумо шояд рӯзе тавонед, мошин, ё асбобҳои электронии рӯзгорро бе даст расонидан ба тугмае ба ҳаракат оред.

Мошинро бе ангушт задан ба чизе меронед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Ултралип, ширкати муштараке аз Бритониё ва Калифорния бо истифода аз мавҷҳои ултрасадо ҳамин имконро фароҳам овардааст. Алекс Дрискил Смиф, мудири Ултралип дар Амрикои Шимолӣ мегӯяд: “Метавонед, чашматонро аз роҳ наканед, вале садои тугмаеро, ки (дар ҳаво аст) мешунавед.”

Ултралип бо осорхонаву, мошинсозону дигарон кор мекунад, ки пардаҳои ноаёни тугмадор биёфарад. Айнакҳои маҷозӣ ҳам доранд, ки иттилоъро айни воқеият ба шумо мерасонад. Бо омадани пандемия, Ултралип ихтироашро ба ресторану мағозаҳо бурд, то вирус аз ангушт ба ангушт нагузарад. Алекс Дрискил Смифт мегӯяд: "Мардум ҳоло барои даст расондан ба ҳарчиз дар дохил ё беруни хона ҳассос шудаанд. Ҳангоми даст расондан ба ончӣ, ки аз онҳо нест, эҳтиёт мекунанд."

Андаке вақт лозим аст, ки истифодаи ин абзорро омӯзед. Вақте шумо амре ба абзор медиҳед, эҳсос мекунед, ки ба чизе даст мезанед. Ҳамин аст, роҳи нави идораи мошинҳо бе даст задан ва мисли амри афсунгар, ки чизеро аз дур ва ноаён ба ҳаракат медарорад.

XS
SM
MD
LG