Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дипломати Чин гуфтанд, Амрико аз демократия ва ҳуқуқи инсон дар Шинҷон ва Ҳонконг ҳимоят мекунад


Энтони Блинкен вазири корҳои хориҷии Амрико
Энтони Блинкен вазири корҳои хориҷии Амрико

Энтони Блинкен котиби давлатии ИМА ва ё вазири корҳои хориҷӣ ба Ян Тзечӣ дипломати баландпояи Чин гуфтааст, ки Амрико аз ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ дар минтақаи Шинҷон, Тибет ва Ҳонконг ҳимоят хоҳад кард. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Амрико Блинкен зимни суҳбати телефонӣ рӯзи 5-уми феврал бо диплоамти чинӣ пофишорӣ кард, ки Пекин ҳуқуқи уйғуртаборон ва дигар ақалиятҳои мусулмони минтақаи Шинҷон, сокинони Тибет ва онҳое, ки дар Ҳонконг барои демократия мубориза мебаранд муроот кунад.

Пас аз сари қудрат омадани президент Ҷо Байден аст ин нахустин суҳбат миёни мақомҳои баландпояи Вошингтон ва Пекин аст. Блинкен дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, ки “паём додам, ки ИМА аз манфиатҳои миллии худ ҳимоят мекунад, ба риояи арзишҳои демократӣ пофишорӣ хоҳад кард ва Пекинро барои сӯистифода аз низоми байналмилалӣ ба ҷавобгарӣ мекашонад.

Блинкен ҳамчунон аз Чин тақозо кард, ки дар маҳкум кардани кудетои низомиён дар Мянмар ба ҷомеаи байналмилалӣ пайвандад. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунон гуфта мешавад, Амрико ҳамроҳ бо муттафиқонаш Чинро барои кӯшишҳояш ҷиҳати ноором сохтани минтақаи уқёнуси Ҳинду Ором аз ҷумла тавассути гулогоҳи Тайван ба масъулият мекашонад. Бликен дар як изҳороти худ дар робита ба сиёсати хориҷӣ рӯзи 4-уми феврал гуфта буд, Амрико муқобила бо Чин қарор дорад, аммо омодаи ҳамкорӣ бо Пекин ҳаст, агар ба манфиати миллии Амрико бошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG