Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикон, мушовири раиси ҷумҳури Қирғизистон шуд


Равшанбек Собиров
Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров, соҳибкори шинохта ва раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мушовири президенти ин кишвар таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 5-уми феврал фармони раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, нашр гардид.

Вай дар моҳи августи соли 2020 барои дарёфти курсии вакили порлумон мубориза карда, се моҳ пеш, баъди ба нахуствазирӣ расидани Содир Ҷабборов, муовини ӯ таъин шуд.

Он замон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ва дар робита ба ҳамкории ояндаи Қирғизистону Тоҷикистон чунин гуфта буд: "Дар ҳама бахшҳо ҳамкорӣ хоҳем кард, музокира мекунем. Мушкилоти муайян дар робита бо марз вуҷуд дорад. Масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар ҳама соҳаҳо аз наздик ва бо назардошти манфиатҳои дуҷониба кор мекунем."

Пас аз интихоботи порлумонии моҳи октябри соли 2020 дар Қирғизистон буҳрони сиёсӣ ба амал омад. Шаби 5 ба 6-уми октябр эътирозгарон чанд зиндонии сиёсиро озод ва бинои ҳукумату порлумонро тасарруф карданд. Содир Ҷабборов ҳамон он шаб баъд аз чаҳор соли зиндон ба майдон баромад.

Ҷабборов аввал ба мансаби сарвазир ва сипас иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон расид. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи январи имсол иштирок кард ва ба иттилои Кумисюни марказии интихобот пирӯз шуд.

Равшанбек Собиров 51-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дорад.

Ӯ дар соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, вале дар соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

XS
SM
MD
LG