Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдори аврупоӣ гуфт, "суҳбати сахте бо Маскав дар пеш аст"


Жозеп Боррелл
Жозеп Боррелл

Аввалин мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо, ки баъд аз соли 2017 ба Маскав рафтааст, гуфт, ҳабси Алексей Навалний ва саркӯби эътирозгарон робитаҳои Брюсселу Маскавро ба “сатҳи поинтарин” расонд.

Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи 5-уми феврал дар оғози мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, гуфт, "ҳамкориҳои мо марҳилаи душвореро пушти сар мекунад" ва бо ин таъкид намуд, ки як суҳбати сахте бо Маскав дар пеш аст.

Кишварҳои аврупоӣ ҳабси Алексей Навалний, раҳбари мухолифин дар Русия ва саркӯби норозиён аз Кремлинро шадидан маҳкум карданд. Аксар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Амрико озодии мунтақиди 44-солаи ҳукумати Русияро талаб доранд.

Боррелл ба журналистон дар поёни даври аввали музокираҳо дар Маскав гуфт: "Ман ба вазир Лавров нигаронии амиқи худ ва даъвати мо барои озодии Навалний ва таҳқиқи мунсифонаи қазияи заҳролудшавии ӯро баён кардам."

Лавров пеш аз мулоқот ба журналистон гуфт, равобити миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо ба "бозбинии тоза" ниёз дорад. Ӯ, инчунин, гуфт, аз нигоҳи Маскав Брюссел бо эъмоли таҳримҳо то рафт мисли Амрико рафтор мекунад ва афзуд, "барои Русия Иттиҳоди Аврупо як шарики беэътимод аст."

Жозеп Боррелл ва Сергей Лавров
Жозеп Боррелл ва Сергей Лавров

Навалний моҳи январи имсол, баъди бозгашт аз Берлин, ҷое, ки аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, дар Маскав дастгир шуд. Ӯро ба нақзи шароити ҳабси хонагӣ аз рӯйи ҳукми соли 2014 айбдор дониста, ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум карданд.

Рӯзи 5-уми феврал як мурофиаи дигари ӯ, аз соли гузашта ба таъхир монда буд, аз рӯйи иттиҳоми гуё “туҳмат” дар ҳаққи як собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шуруъ шуд.

Боррелл дар оғози мулоқот бо Лавров гуфт, “бешубҳа, равобити мо пуртаниш аст ва қазияи Навалний онро ба поинтарин сатҳ овард”. Пеш аз шурӯи гуфтугӯҳои мақомдори аврупоӣ дар Русия, сухангӯи Кремлин гуфт, Маскав хостори пешрафт дар равобит бо Иттиҳоди Аврупо ва азсаргирии муколамаҳо мебошад. Айни замон, ба қавли Дмитрий Песков, масоили ҳалношуда дар робитаҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо “хеле зиёданд”.

Лавров дар остонаи мулоқот бо Боррелл гуфт, “масоили бунёдӣ набояд аз дигар мавзуъҳое, ки Шумо матраҳ карданӣ ҳастед”, осеб бинанд.

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Дар ҳоле ки мақомоти Русия Ғарбро дар мудохила айбдор мекунанд, Боррелл дар остонаи сафараш ба Маскав гуфт, “гап дар бораи дахолат ба корҳои дохилӣ нест”, балки “дар бораи принсипҳои умумиҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ” аст. Ӯ дар бораи узвияти Русия дар Шӯрои Аврупо ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ёд овард.

Худи Навалний мегӯяд, мурофиаҳои додгоҳӣ посухи мақомот ба интиқодҳои ӯ аз Кремлин ва бахусус президент Владимир Путин аст. Дар як изҳороти калонаш, рӯзи 4-уми феврал, Навалний аз шаҳрвандони Русия хост, тарсро канор гузошта, кишварро аз қабзаи “як даста ғоратгарони қудрат” озод кунанд.

Вай дар изҳороташ тавассути Инстаграм гуфт, “дарҳои оҳанин дар пушти ман гуё ба нишони мағлубият баста шуданд, вале ман худро одами озод эҳсос мекунам ва мутмаин ҳастам, ки ҳақ ба ҷониби ман аст. Сипос аз Шумо ва оилаам”.

Президенти Амрико, Ҷо Байден, рӯзи панҷшанбе ба нишони пуштибонӣ аз мунаққиди Кремлин гуфт, ҳабси ӯ “мояи нигаронии амиқ барои мо ва ҷомеаи байналмилалӣ” аст ва аз Русия тақозо кард, ӯро “билофосила ва беқайду шарт” озод кунанд.

Кремлин интиқодҳоро аз дохилу хориҷ қабул надорад ва Ғарбро ба он муттаҳам мекунад, ки воҳима ва меъёрҳои дугонаро ба кор мебарад.

Ҳабси Навалний баъди бозгашташ аз Берлин дар моҳи январ боис ба эътирозҳои бесобиқа дар саросари Русия шуд. Полис дар пайи эътирозҳои 23 ва 31-уми январ тахминан 10 ҳазор нафарро боздошт кард. Ҷудо аз ин, дар эътирозҳо аз ҳукми зиндони Навалний 1400 тани дигар дастгир шуд. Дар миёни онҳое, ки ҳабсу ҷарима шуданд, ёрону ҳамкорони Навалний ҳам ҳастанд. Баъзе аз онҳо ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданд.

Леонид Волков, як ёвари наздики Навалний аз тарафдоронашон хост, эътирозҳои бештарро ба муҳлати дертар таъин кунанд, чунки барои омодагӣ вақти бештар зарур мешавад. Ӯ гуфт, “беҳтар омода шуда, баҳор ё тирамоҳ эътирозҳои беҳтар ташкил мекунем”.

17-уми сентябр дар Русия интихоботи порлумонӣ барпо мешавад ва тими Навалний шаҳрвандонро ташвиқ мекунанд, ки дар овоздиҳӣ мухолифи номзадҳои ҳизби “Русияи воҳид” рой диҳанд.

XS
SM
MD
LG