Иттиҳоди Аврупо ба дипломатҳои худ дар Маскав иҷоза дод, ки агар хоҳиш доранд, аз ваксинаи русии "Sputnik V" истифода кунанд. Ин ваксина ҳанӯз иҷозати идораи дахлдори аврупоиро дарёфт накардааст.
Дар имейли корие, ки дипломатҳои аврупоӣ дар Русия гирифтанд, як мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар Маскав 3-юми феврал навиштааст, "мақомоти шаҳри Маскав тасмим гирифтанд, барномаи эмкуниро ба зидди COVID-19 дар миёни кормандони сохторҳои дипломатӣ ҳам ба роҳ монанд".
Дар имейле, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешавад, мақомот дар сурати хоҳиши онҳо, ба дипломатҳову аъзои оилаҳояшон, ки аз 18-сола боло ҳастанд, эмкуниро пешниҳод мекунанд. Барои ин хоҳишмандон бояд дар бораи шахсияти худ маълумот бидиҳанд.
Номи "Sputnik V" дар имейл дида намешавад, вале омадааст, ки мақомоти Русия бар асоси дархости омодагӣ барои эмкунӣ ҷузъиёти дигарро ирсол мекунанд. "Мо ҳанӯз дар бораи дарёфти ваксинаҳои маҳаллӣ ва ё тасдиқношуда аз ҷониби Оҷонси дорувори Аврупо ҳеч қарори қатъӣ дарёфт накардаем”, -- омадааст дар матни номаи электронӣ.
То имрӯз ин оҷонсӣ ваксинаҳои навъи Pfizer/BioNTech, Moderna ва AstraZeneca-ро ба истифода дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо иҷоза додааст. Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия ба дипломатҳои аврупоӣ "девонавор дар ҳар ҳолати пешомада ва мулоқот пешниҳод мекунанд", ки ваксинаи русиро қабул кунанд.