Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис ба поси хотири Аҳмадшоҳ Масъуд лавҳаи ёдгорӣ мегузоранд


Аҳмадшоҳ Масъуд.
Аҳмадшоҳ Масъуд.

Дар Порис (Париж), пойтахти Фаронса, ба поси эҳтироми Аҳмадшоҳ Масъуд, аз нерӯмандтарин фармондеҳи зидди Шӯравию Толибон ва қаҳрамони миллии Афғонистон, лавҳаи ёдгорӣ мегузоранд. Шуморе аз сиёсатмадорони афғон аз ин тасмим ситоиш кардаанд.

Муовини раиси шаҳри Порис дар "Твиттер" навишт, пойтахти Фаронса аввалин шаҳре дар ҷаҳон аст аст, ки бист сол пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, аз ӯ ба хотири муборизаҳои озодихоҳона ва сулҳҷӯёнааш қадрдонӣ мекунад.

Шӯрои шаҳри Порис барои амалӣ шудани ин тарҳ розигӣ додааст ва дар назар аст, лавҳи ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар минтақаи ҳаштуми пойтахти Фаронса насб шавад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, аз ин тасмими мақомоти фаронсавӣ истиқбол кард. Ӯ рӯзи 3-юми феврал дар "Фейсбук" навишт, "бо дарназардошти ин ки робитаҳои таърихӣ, дӯстӣ ва арзишҳои муштарак Фаронса ва Афғонистонро бо якдигар пайванд медиҳад, арҷгузорӣ аз андешаҳо ва корномаҳои Қаҳрамони миллӣ баёнгари ин дӯстӣ ва арзишҳои муштарак аст ва робитаҳо миёни ду кишварро мустаҳкамтар мекунад".

Ин фармондеҳи шинохта дар кишвараш аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст ва ҷойҳои зиёдеро ба номи ӯ гузоштаанд. Ҳукумати Афғонистон ба поси муборизаҳои озодихоҳонааш ба Аҳмадшоҳ Масъуд унвони "Қаҳрамони миллӣ"-ро додааст. Ин фармондеҳ дар миёни афғонҳо мухолифони худро низ дорад.

Дар Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд махсусан дар миёни насли бузургтар, насле, ки дар замони корнамоиҳои Масъуд зиндагӣ кардаанд, нуфузу эҳтироми зиёде дорад. Аксҳои овезони сипаҳсолор Масъуд дар баъзе ҷойи кору манзилҳо далели ин гуфтаҳост. Ин фармондеҳи шинохта дар миёни насли нави Тоҷикистон ҳам аз обрӯи хос бархӯрдор аст ва ҷавононе, ки бештар аз худшиносии миллӣ ҳарф мезананад, аз ӯ ба унвони идеал ёд меоранд.

Ин аст, ки дар солҳои қабл як гурӯҳ аз ҷавонон ва низ фарҳангиёни кишвар аз мақомот хоста буданд, яке аз кӯчаҳои Душанберо ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд гузоранд.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард. Дар гузашта ин пешниҳод садо дода буд, ки ин манзил ба хона-музейи ӯ табдил дода шавад. Пешниҳоде, ки бо сабабҳои номаълум ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Аҳмадшоҳ Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор кушта шуд. Ӯ дар деҳаи Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шудааст.

XS
SM
MD
LG