Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон ваъда доданд, то охири тобистон ҳамаи сокинонро ваксина мезананд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки то охири тобистони соли ҷорӣ ҳамаи афроди болиғи кишвараш ваксинаи зидди коронавирус дарёфт хоҳанд кард.

Меркел баъди мулоқоти рӯзи 1 феврал бо мақомдорон, ширкатҳои дорусозӣ ва Комисияи Аврупо дар ин бора хабар дод. Як қисми даъвоҳо ба ҳукумати Олмон аз ин иборат буд, ки раванди ваксиназаниро ба кундӣ пеш мебарад. Меркел гуфт, барои ин далелҳои асоснок доранд.

Садри аъзами Олмон сокинонро ба сабру таҳаммул даъват кард. Вай гуфт, раванди интихоби ваксина бояд ба дурустӣ озмуда шавад, ки дар ниҳояти боиси беэътимодии мардум нагардад.

Ангела Меркел афзуд, то охири тобистони соли ҷорӣ ҳамаи 73 миллион сокини болиғи кишвараш ваксина хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG