Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба табаддулот дар Мянмар. Вашингтон таҳдид ба таҳрим кард


Раҳбарони Ғарб табаддулоти артишро дар Мянмар алайҳи ҳукумати Аунг Сан Сучи маҳкум карданд ва садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони вай низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми худро нисбат ба ин иқдоми низомиёни Мянмар иброз доштанд.

Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал даст ба табаддулот зад ва Аунг Сан Сучи ва дигар мақомоти баландпояи ин кишварро боздошт кард. Артиши Мянмар ба муддати як сол вазъияти фавқулода эълон кард ва ин амали худро вокуниш ба "тақаллуби интихоботӣ" номид.

Ин таҳаввулоти ногаҳонӣ ҳама талошҳои солҳои охир барои барқарории демократияро дар Мянмар зери суол бурдааст ва ҳамчунин сарнавишти паноҳандагони ақаллияти мусалмони Роҳинҷаро, ки ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд, ба норӯшанӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Қарор аст, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар ин робита нишаст доир кунад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ин табаддулотро зарбае ба демократия хонд ва раҳбарони артиши ин кишварро ба таҳрим таҳдид кард. Дар баёнияи раиси ҷумҳури Амрико омадааст, "ҳар ҷо, ки демократия ҳадафи ҳамла қарор гирад, Амрико ба дифоъ аз он бархоҳад хост".

Як генерали бознишаста, ки дар Мянмар қудратро ба даст гирифтааст, ваъда дод, интихоботи шаффоф ва одилона баргузор карда, қудратро ба барандаи интихобот интиқол хоҳад дод. Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки интихобот кай баргузор мешавад.

Созмони Милали Муттаҳид табаддулоти низомӣ дар Мянмарро маҳкум кард ва хостори барқарории демократия дар ин кишвар шуд.

Бритониё, Австралия, Ҳинд, Ҷопон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико низ табадуллоти артишро дар Мянмар маҳкум кардаанд.

Хонум Аунг Сан Сучи, ки ба хотири муборизаҳои худ барои демократия дар оғоз чеҳраи мавриди ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, дар солҳои охир дар пайи амалиёти артиши Мянмар алайҳи ақаллияти мусалмони Роҳинҷа ва ҳимоят аз ин амалиёт, маҳбубияти байналмилалии худро аз даст дод. Бо ин ҳол, ӯ дар дохили кишвараш тарафдорони зиёд дорад.

Эътилофи миллӣ барои демократия дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри гузашта дар рақобат бо як ҳизби тарафдори артиш пирӯз шуд, аммо артиш ин интихоботро пур аз тақаллуб донистааст.

Комиссияи интихоботии Мянмар иддаои артишро дар бораи тақаллуб рад карда ва таъкид намудааст, хатое, ки боис ба тағйири натиҷаҳои интихобот шавад, рух надодааст.

Қонуни асосии Мянмар 25 дарсади курсиҳои порлумонро дар ихтиёри артиш гузоштааст. Инчунин, назорати се вазорати асосӣ дар ҳукумати Сучи низ ба артиш вогузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG