Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Урдун дар бозии аввали дӯстона дар Дубай


Бозии дӯстона миёни дастаҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Урдун. 1 феврали 2021.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали байналмилалии дӯстона аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми душанбеи 1-уми феврал дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир гардид.

Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Аҳмад Ҳамдунӣ дар дақиқаи 37-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналти ҳисобро боз кард. Голи дувуми мунтахаби Урдунро Муҳаммад Абу Зрайқ дар дақиқаи 44-ум ба самар расонид.

Бозии дувуми дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун дар Дубай, дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъаи 5-уми феврал соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо шумули 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – ба Дубай рафтааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Бозиҳои дӯстона

1-уми феврал (душанбе)

Урдун – Тоҷикистон 2:0

Голҳо: Аҳмад Ҳамдунӣ, 37 – аз пеналти (1:0), Муҳаммад Абу Зрайқ,44 (2:0).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (капитан ё сарвон), Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмуъмин Забиров, 82), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 73), Ҷаҳонгир Эргашев (Табрези Давлатмир, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҳир Малодустов, 82).

1-уми феврал. Дубай, Варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

5-уми феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе

Урдун – Тоҷикистон

Дубай, Варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG