Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсат ҷузъиёти корд задани устоди донишгоҳро нашр кард


Айниддин Давлатов ба гуфтаи раёсати умури дохилӣ ба дарсҳо намеомадааст ва нисбат ба устодон беэҳтиромӣ мекардааст.
Айниддин Давлатов ба гуфтаи раёсати умури дохилӣ ба дарсҳо намеомадааст ва нисбат ба устодон беэҳтиромӣ мекардааст.

Раёсати умури дохилии Душанбе акси донишҷӯеро, ки ба корд задани устодаш муттаҳам мешавад, нашр кард. Раёсат рӯзи 1-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Айниддин Давлятови 21-сола ба сабаби хусумати шахсӣ ба Музаффар Имомоназаров декани бахши менеҷменти байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба шиками ӯ корд зада, сахт захмӣ кардааст.

Дар аксе, ки раёсат нашр кард, Айниддин Давлятов бо дастони завлонзада дар назди панҷара истодааст. Дар баёния омадааст, азбаски омӯзгор падари Айниддин Давлятовро ба донишгоҳ даъват карда ва дар бораи ҳузур надоштани писараш дар дарсҳо, имтиҳонҳои носупурда ба ӯ хабар додааст, донишҷӯ бо ҳамла ба муаллим аз ӯ ниқор гирифтааст.

Дар баёнияи раёсат, ки дар вебсайташ нашр кард, омадааст, “Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.”

Назари волидайн ва ё вакили дифои муттаҳам ба ҷиноят маълум нест. Ҳодиса рӯзи 28-уми январ сурат гирифтааст ва айни замон омӯзгор дар бемористон муолиҷа мегирад. Додситонӣ ба зидди Айниддин Давлятов бо иттиҳоми сӯиқасд ва ё талош барои одамкушӣ парванда боз кардааст ва дар сурати собит шудани иттиҳом мумкин аст, ӯро аз 8 то ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Масъулини донишгоҳ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки донишҷӯ декан Музаффар Имомназаровро барои нагузоштани баҳо ва даъват кардани падараш, захмӣ кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса дар ошёнаи 2-юми Донишгоҳи технологӣ руй додааст. Ба иттилои манбаъ, зарбаи корд ба шиками декан бархӯрдааст.

Музаффар Имомназаров
Музаффар Имомназаров

Як устоди ин донишгоҳ рӯзи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Музаффар Имомназаров дар корпуси 5-уми беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ аст ва ӯро чанд маротиба ҷарроҳӣ намуданд ва айни замон вазъи саломатиаш муътадил гуфта мешавад.

Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад.

XS
SM
MD
LG