Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Алексей Навалнийро ба ду моҳ ҳабси хонагӣ гирифтанд


Олег Навалний
Олег Навалний

Додгоҳе дар Маскав Олег Навалний, бародари пешвои мухолифини Русия Алексей Навалний ва шуморе аз муттаҳидони дигари ӯро барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Русия талош доранд, эътирозҳои густарда ва сартосариро дар он кишвар саркӯб кунанд. Эътирозҳо дар ҷавоб ба боздошту ҳабси Навалний, мунтақиди сарсахти Кремлин, ҳафтаи гузашта оғоз шуд.

Пулиси Русия рӯзи 29-уми январ маҳдудият ба гаштугузорро дар Маскав эълон кард. Ҳамчунон дар ҷараёни тазоҳурот ҳафт истгоҳи метроро мебанданд.

Алексей Навалний ва муттаҳидонаш қасд доранд, рӯзи якшанбе тазоҳуроти густарда ва бештарро дар сартосари Русия анҷом диҳанд.

Навалнийро рӯзи 18-уми январи имсол, баъди бозгашт аз Берлин ба 30 рӯз ҳабс маҳкум карданд, вале ӯ аз мардум хост, барои ҳимоят аз худу ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо бароянд.

XS
SM
MD
LG