Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои "Равшан" ва "Хуҷанд" дар Ҷоми AFC-2021 тасдиқ шуд


Бозигарони "Равшан"
Бозигарони "Равшан"

Тақвими бозиҳои дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021, ки 14-уми майи имсол оғоз меёбад, муайян гардид.

Рӯзи 27-уми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои он рақибони бошгоҳҳои Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд маълум шуданд.

Ғолиби феълии Ҷоми Тоҷикистон - "Равшан" дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Рақибони “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон -"Дордой"-и Бишкек ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" мебошанд.

Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Хуҷанд», ки ба гурӯҳи «F» ворид шуд, бо дастаҳои АГМК ё «Насаф»-и Узбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 аз 14-ум то 20-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки агар бошгоҳи AГMK ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 роҳ пайдо кунад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон – “Насаф”-и Қаршӣ дар Ҷоми AFC-2021 иштирок хоҳад кард. Агар АГМК натавонад ба даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё роҳ ёбад, он гоҳ дар Ҷоми AFC бозӣ мекунад.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»:

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) –

«Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон)– «Дордой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «F»:

АГМК (ё «Насаф» Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Олой» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) –

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистаон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)– АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

АГМК ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)– «Олой» (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG