Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, Толибон ба аҳдашон содиқ нестанд


Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати дифои Амрико
Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати дифои Амрико

Вазорати дифои Амрико мегуяд, Толибон, ки соли гузашта бо Амрико созиш бастанд, ба аҳдҳои додаашон содиқ нестанд. Ҷон Кирби, сухангуи вазорат рӯзи 28-уми январ гуфт, ки “Толибон аҳди худ барои коҳиши хушунат ва қатъи робитаҳо бо Ал-Қоидаро иҷро накардаанд.” Ӯ афзуд: “Бе иҷрои аҳди даст кашидан аз терроризм ва қатъи ҳамлаҳои хушунатбор ба Неруҳои Амнияти Миллии Афғонистон, пайдо кардани роҳе барои ҳалли мусолиматомез сахт аст, ҳарчанд мо ба ин аҳди худ содиқем.” Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврали соли гузашта имзо карданд, тамоми неруҳои хориҷӣ бояд то моҳи майи соли 2021 Афғонистонро тарк кунанд, вале ба ин шарт, ки Толибон ҳамлаву бомбгузорӣ ва робита бо Ал-Қоидаро бас кунанд. Ҳукумати Афғонистон ва Толибон баъди оғози музокироти сулҳ дар Қатар дар тирамоҳи соли гузашта ба пешрафтҳои ночизе даст ёфтаанд, вале моҳҳои ахир ҳамлаву хушунатҳо зиёдтар шудааст ва мақомоти Афғонистону Амрико ин ҳамлаҳоро кори дасти Толибон медонанд.

XS
SM
MD
LG