Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомот ва омодагиҳои охирин ба кушодани масҷидҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО


То замони фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон панҷ рӯзи дигар мондааст, аммо мақомот аз ҳоло гаштаву баргашта ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дари ибодатгоҳҳоро дигарбора мебанданд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳушдорҳо ба маврид аст, то намогузорон қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд. Иддае дигар бовар доранд, ин ҳушдорҳо зоҳиран баҳонае барои тасмимгирӣ дар оянда аст.

Масъулони аксар масҷидҳо ин шабу рӯз барои намозгузории дастҷамъӣ шароит фароҳам меоранд. Дар масҷиди "Қорамиршикор"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтанд, то ин дам маводи кофии беҳдоштӣ ва ниқобу ҳароратсанҷро таъмин карданд.

Давлатҷон Исоев, имомхатиби масҷид, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба намозгузорон таъкид мешавад, аз пойафзолҳои таҳораткунии масҷид истифода накунанд. Ҳар кас пойафзоли худро биёрад. Бояд сачоқҳои яккарата дошта бошанд. Аз шахсоне, ки ба масҷид меоянд, хоҳиш мекунем, дар хонаҳои худ таҳорат кунанд ва баъд ба масҷид биоянд."

Масҷидҳои Тоҷикистон ба намозҳои дастҷамъӣ омода мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон низ аз намозгузорон хостаанд, ниқоби тиббӣ пӯшанд, ба дасту пойафзолҳо маҳлули беҳдоштӣ бипошанд ва ҳангоми намозгузорӣ фосилаи ҷисмониро риоя кунанд.

Бар илова имомхатибон аз намозгузорон даъват доранд, ки ҳар кас бо ҷойнамозҳои шахсӣ ба масҷид ҳозир шавад ва ба паҳну густариши беморӣ сабаб нагардад.

Намозгузорон аз боз шудани дари масҷидҳо истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, боз мондани дари масҷидҳо дар оянда аз рафтори намозгузорон бастагӣ хоҳад дошт. Наҷмиддин Аҳмадов, сокини пойтахт, гуфт, "ин ҳама барои худи мардум аст, бояд қоидаҳоро риоят кунанд ва худашонро эҳтиёт кунанд".

Масҷидҳо дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта то инҷониб бастаанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, аммо баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд.

Намозгузорӣ дар масҷидҳо баъд аз он иҷозат дода мешавад, ки Вазорати тандурустӣ аз аввали имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони бемории ҳамагир дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 26-уми январ дар паёми солонааш шартҳои дубора баста нашудани масоҷиди кишварро эълон кард. Ӯ гуфт, дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, дари масҷидҳо баста мешаванд.

Таҳлилгарони умури мазҳабӣ, шароити риояи сад дарсадии қоидаҳои беҳдоштиро дар баъзе аз масҷидҳои кишвар номумкин медонанд. Ишораи онҳо ба сохти биноҳои масҷидҳост.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ, гуфт: "Аз ҳама муҳим ин аст, ки дар масҷидҳо бояд гардиши ҳаво бисёр дуруст бошад. Ман дар Тоҷикистон ҳоло надидам, ки гардиши ҳаво дар мо дуруст бошад, нест, мутаассифона".

Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон ҳафтаи гухзашта иоҷзат дод, ки аз 1-уми феврал дар масҷидҳо намозгузории дастҷамъӣ баргузор шавад. Дар пайи паҳншавии бемории COVID-19, масҷидҳои кишвар 9 моҳ боз бастаанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабти ном кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG