Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини КДАМ Қирғизистон баъди иштирок дар интихоботи президентӣ боздошт шуд


Абдил Сегизбоев, раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон.
Абдил Сегизбоев, раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон.

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Абдил Сегизбоев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шуд.

Дар Додситонии низомии Қирғизистон гуфтанд, ки Додситонии кулли ин кишвар 14-уми январи соли равон дар асоси шикояти Алмамбет Шикмаматову шахсони дигар бо банди "сӯистифода аз мақом" парванда боз карда, Сегизбоевро ба барқасдона беобурӯй сохтани вакилони вақти порлумон Алмамбет Шикмаматов, Аида Салянова Омурбек Текебоев дар назди сокинон айбдор мекунад.

Ба иттилои манбаъ, сухан аз қонуншиканиҳои раиси пешини КДАМ Қирғизистон дар робита ба масъалаи "Белизгейт" меравад.

Порлумони Қирғизистон 16-уми ноябри соли 2016 масоили вобаста ба "Белизгейт"-ро ба баррасӣ гирифта, ба ин ҷаласа раиси вақти Кумитаи амният Абдил Сегизбоев, додситони кул Индир Ҷолдубоев ва мудири кулли "Мегаком"-ро низ даъват карда буд.

Абдил Сегизбоев дертар ба президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфта буд, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.

Вале Идрис Қодирқулов, раиси вақти КДАМ Қирғизистон 19 сентябри соли 2018 гуфт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур расман дастрас нашудаанд ва дар кумита низ онҳо қайд нагаштаанд.

Абдил Сегизбоев дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қирғизистон, ки 10 январ баргузор шуд, дар миёни 17 номзад бо касби 1, 46 дарсади раъйҳо мақоми панҷумро касб карда буд.

XS
SM
MD
LG