Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик сафари сохтмончиёни тоҷик ба Иркутскро тасдиқ карданд


Фурудгоҳи шаҳри Иркутск
Фурудгоҳи шаҳри Иркутск

Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи аввали сохтмончиёни тоҷик ҳафтаи равон ба шаҳри Иркустки Русия барои кор интиқол дода мешаванд. Қарор аст садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳри Русия дар мувофиқа бо се ширкати сохтмонӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Вазорат рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи хароҷоти муҳоҷирони тоҷик - шурӯъ аз парвозу ҳуҷҷатгузорӣ то таъмин бо хӯроку хобгоҳ ва карантини дуҳафтаина, аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ пардохта мешавад. Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, сафари муҳоҷирони корӣ ба Иркутск дар чаҳорчӯби созишномае сурат мегирад, ки бо дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова қабул шудааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, ки бисёр соҳаҳои иқтисоди Русияро фаро гирифтааст, сафари корҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия бозори асосии кори онҳо ба шумор мешавад, аз соли гузашта ба ин сӯ манъ шудааст. Камбуди нирӯи кории дохиливу боздошта шудани корҳо дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла сохтмон, барои соҳибкорону корхонаҳо мушкилоти зиёд эҷод кардааст.

Иркутск дар 5-ҳазоркилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, шаҳри шашуми калонтарини минтақаи Сибири Русия – макони зисти беш аз 600 ҳазор сокин мебошад.

XS
SM
MD
LG