Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун даъват мешаванд, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Аз легионерҳо танҳо ду нафар - ҳимоятгари бошгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгари дастаи “Намангон”-и Навбаҳор Эҳсони Панҷшанбе - ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд.
Бархе аз легионерҳо бинобар маҳдудиятҳои пандемияи COVID-19 дар кишварҳое, ки онҳо бозӣ мекунанд, наметавонанд дар ҳайати тими миллӣ дар бозиҳои дӯстона бо Урдун ширкат варзанд.
Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун, ки рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, 27-уми январ дар Душанбе оғоз хоҳад кард. Баъдан футболбозони тоҷик рӯзи шанбеи 30-юми январ ба Дубай парвоз мекунанд ва дар он ҷо омодагиро ба бозиҳо идома хоҳанд дод.
Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом дода мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон ба гурӯҳи "F" шомил аст.
Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи "F" ба далели пандемияи COVID-19 ба моҳҳои март ва июни имсол мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1-уми феврал (душанбе)
Урдун – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
5-уми феврал (ҷумъа)
Урдун – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Агар ин фочеьа дар дехаи Равад бошад ,яке аз шахси боздошташударо тагояш дар Душанбе тако дав дошт ки халос кунад, яъне одамкуш бегунох барояд
Кахрамонзанхо дар мардикорбозори занхо. Инхо хамаш кахрамони дуругин ва ба таьрифи пешво машгуланд. Э гум ша.......
Хамин Буриннисо Бердиева набуд ки дар яке аз майдонхо суханрони намуда гуфта буд:Наход модари чануби тули хафтод сол як рохбар назояд?...Яьне адоват ба як кишри чомиа ва пошидани тухми фитна байни миллат.Пас чи гуна чоизае ба номи у ва уро кахрамон номид.Е ман шояд иштибох мекунам?
Ҳама рӯз ва ҳама вақт ба зану модару хоҳару духтар таваҷҷӯҳ кардан лозим на фақат дар 8 март!
Ruz e zan raa be hame ye zanaan e Taajik Tabrik mi guyam. az iraan