Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфрезии шадид дар Тоҷикистон. 19 АКС


Шаҳри Душанбе. 22 январ, 2021.
Шаҳри Душанбе. 22 январ, 2021.

Субҳи ҷумъаро сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон бо ҳавои сарду барфрезии сангин пешвоз гирифтанд. Ин барфборӣ ҳамроҳ бо шамоли шадид, боиси қатъ шудани ноқилҳои барқ дар бархе минтақаҳо шуд ва равуои сокинон ва васоити нақлиётро мушкилтар кард.

Бино ба маълумоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши барф ба сурати умумӣ дар тӯли имрӯз дар Душанбе ва минтақаҳои дигар кишвар идома хоҳад дошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар чанд рӯзи ахир аз барфрезии сахт ва то 10-15 дараҷа сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 22-23 январ хабар дода буд.

КҲФ бо такя ба Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, ки бинобар вуруди ҳавои сернами баҳри Миёназамин ва ҳавои сард аз самти аврупоии Русия, дар бархе аз минтақаҳои кишвар шамоли шадид мешавад ва имкони шикастани дарахтон ва кандани симҳои барқ вуҷуд дорад.

Ин кумита аз мардум хоста буд, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, ки дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард аз сафарҳои безарурат даст кашанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати IRS мегӯянд, ки бо вуҷуди барфбории шадид, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боз буда, ба ҷуз мошинҳои боркаш, васоити дигари нақлиётӣ метавонанд дар ин масир ҳаракат кунанд.

Сардиҳои ахир дар ҳолест, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорист ва аҳолии рустонишин бо маҳдудият барқ мегиранд. Ин маҳдудият аз шаби 5-уми январ оғоз шуд ва санаи хатми он маълум нест. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" қаблан гуфта буданд, ки "зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори Норак", метавонад боиси бекор шудани лимит гардад.

XS
SM
MD
LG