Созмондиҳандагони Олимпиадаи Токио-2020 ният доранд шумораи варзишгаронеро, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳо иштирок мекунанд, кам намоянд.
Ба иттилои нашрияи Yomiuri, дар ибтидо қарор буд, ки дар ин чорабинӣ 11000 варзишгар аз 200 кишвар ширкат варзад. Аммо аз сабаби пандемияи коронавирус, кумитаи тадорукоти бозиҳо ин шумораро коҳиш доданист. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интизор дорад, ки дар маросими ифтитоҳ ҳудуди 6000 варзишгар иштирок намояд.
Ба ин тартиб, созмондиҳандагон умедворанд, ки ҳангоми маросим дар варзишгоҳ аз издиҳом дар минтақаи интизорӣ ва паҳншавии вирус ҷилавгирӣ кунанд.
“Барои таъмини бехатарии варзишгарон мо чунин мешуморем, ки теъдоди иштироккунандагон дар маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавӣ бозбинӣ, ҳамчунин шароити ворид шуданашон ба варзишгоҳ тартиб дода шавад”, - гуфтаанд созмондиҳандагони Токио-2020.
Тибқи тартиботе, ки пешниҳод шудааст, варзишгарон бояд панҷ рӯз пеш аз мусобиқа ба Деҳаи олимпӣ ворид шуда, ҳадди ақал 2 рӯз пас аз мусобиқа онро тарк кунанд.
Ёдовар мешавем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио мебоист аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба далели пандемияи коронавирус ба давраи аз 23-юми июл то 8-уми августи 2021 мавқуф гузошта шуд.
То ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) – ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтаанд.
Охир у гуз набуд ки шамолаш бурда бошаду нопадид шавад.
Офарин РО ки ин масъаларо пайгири мекунед. Мутаассифона дар расонахои хукумати танхо мубориза бо ХНИТ рафта истодааст.
Эрон яке аз давлати Чанг хох дар чахон шинохта мешшавад дар кадом давлате ки эрон сахми хдша мегузора унчо ноором боки мемонад эрон мехост точикистони азизи морам ноором кунад вале ин нияти нопокша хукумати точикистон фахмид бахусус мухолифоне ки барои нахостани сулх дар точикистонан дасгири мекунанд
Салом хуб мешуд тахсилро дар ватани худ мекардан мо созандаи ватанем бояд дар ватани худ мехондан кучоо рафтан
Акбар Холиқзода дар Додрас кор мекардааст, барои хамин чавобаш доданд ва парванда накушоданд. агар ягон камбагали бечора бошад парвандааш дастгир нокарда алакай таёр. боз чанд чурми дига бадаи боздошт мебофанд.