Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморхонаҳои Ишқободро барои гирифторони COVID-19 омода мекунанд


Беморхонаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои гирифторони нави вабои коронавирус омода мекунанд. Ба ин тартиб, бемороне ки вазъашон беҳтар аст, ба хонаҳояшон рухсат дода мешаванд.

Шоҳидон мегӯянд, дар беморхонаҳои Ишқобод ҷойи холӣ боқӣ намондааст ва ба ҳамин далел, мақомоти тандурустӣ дастур додаанд, ки бархе аз беморон ба манзилҳояшон рухсат дода шаванд.

Дар ибтидои моҳи декабри соли гузашта сокинони Ишқобод гуфтанд, касонеро, ки нишонаҳои коронавирусро доранд, иҷборан дар беморхона бистарӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон мегӯянд, расман дар ин кишвар ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG