Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний додгоҳро “баландтарин дараҷаи беқонунӣ” номид


Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия дар идораи полиси шаҳри Химки, ки он ҷо мурофиаи додгоҳӣ мегузарад
Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия дар идораи полиси шаҳри Химки, ки он ҷо мурофиаи додгоҳӣ мегузарад

Мақомоти Русия саросемавор Алексей Навалнийро мавриди муҳокима қарор доданд ва худи сиёсатмадори мухолифи Кремлин ин мурофиаро “баландтарин дараҷаи беқонунӣ” номид. Навалний аз моҳи август дар Олмон осори заҳролудшавиро муолиҷа мекард. Ба қавли муҳаққиқони мустақил, Навалнийро бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд карданд. Баъди расидан ба хоки Маскав ӯро боздошт намуда ба идораи полиси шаҳри Химки, воқеъ дар ҳудуди Подмосковйе интиқол доданд. Навалнийро дар ҳоле ба мурофиаи додгоҳӣ ба идораи полиси шаҳри Химки оварданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукуматҳои Ғарбу Аврупо боздошти ӯро маҳкум ва озодии билофосилаи ӯғро тақозо мекарданд. Додгоҳ бояд дар заминаи ҳабси ӯ ба мӯҳлати 3,5 сол ҳукм содир кунад.

Ёваронаш гуфтанд, ки Навалний дар замони боздошт аз дастрасӣ ба вакилу ёвари ҳуқуқӣ маҳрум буд ва аз толори мурофиа Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний видеонавори ӯро нашр кард, ки дар он президент Владимир Путинро дар ҳолати рӯйдода гунаҳгор мекунад. Аз ҷумла, Навалний гуфт:

“Ман намефаҳмам, ки чӣ мегузарад. Як дақиқа пеш маро барои мулоқот бо вакилон берун бароварданд. Ман ин ҷо биёям, ин ҷо додгоҳи Химки будааст. Кадом нафароне маро навор мегиранд, касоне дар толор нишастаанд. Номи он – “додгоҳи бози Химки аст”. Масъалаи баррасишаванда – ҳабси ман бар асоси қарори раиси полис аст. Чаро мурофиаи додгоҳи Химки дар идораи полис мегузарад? Ман намефаҳмам. Чаро касеро огоҳ накарданд? Ин як... Ман аз ин пеш ҳам истеҳзои низоми адлияро шоҳид шудаам, вале зоҳиран он пирамард дар паноҳгоҳаш чунон аз ҳама чиз метарсад, ки онҳо ҳоло Кодекси ҷиноиро намоишкорона лахт-лахт карда ба ахлот андохтанд. Имкон надорад, ки чунин коре, ки ҳоло мегузарад, бишавад. Ин беқонунии дараҷаи олӣ аст, ман дигар сифатро ба кор бурда наметавонам”.

Полис Навалнии 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, ки Навалний барои нақзи бисёркаратаи шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд. Навалний гуфт, ки қонунро вайрон накардааст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Навалнийро рӯзи 17-уми январ созмони Amnesty International як “маҳбуси эътиқодӣ” номид. Ӯро 20-уми августи соли 2020 баъди он ки маълум гашт заҳролуд шудааст, барои муолиҷа ба як беморхонаи шаҳри Берлин интиқол доданд. Қабл аз он Навалний дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис карда беҳуш шуда аз по афтод.

Навалний, ки борҳо бо нишони эътироз аз ҳукумати Русия намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ ташкил кардааст, дар заҳролуд шуданаш мақомоти Русияро айбдор кард. Маскав дахолаташ дар ин қазияро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG