Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний дар шаҳри Химки. ВИДЕО


18-уми январ, додгоҳи шаҳри Химки
18-уми январ, додгоҳи шаҳри Химки

Мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дар фосилаи камтар аз як рӯзи баъди бозгашташ аз Олмон дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд ва ҳоло дар як додгоҳ посух медиҳад. Мурофиаи додгоҳӣ оид ба таъини ҳабс ё озод кардани Навалний дар идораи полиси шаҳри Химки мегузарад. Навалний дар як беморхонаи Берлин баъди заҳролудшавии моҳи август муолиҷа гирифтааст. Сухангӯи Навлний Кира Ярмиш дар навори видеоие, ки аз толори додгоҳ нашр кард, гуфт, ки дар мурофиа тадбирҳои сахттарини амниятӣ ҷорӣ шудаанд ва журналистонро ба дохил роҳ надоданд.

Полис Навалнии 44-соларо дар нуқтаи санҷиши паспортҳои фурудгоҳи Шереметево рост ба идораи полиси шаҳри Химки интиқол дод. Навалний гуфт, ки ӯ дар Олмон буд, аз осори заҳролудшавӣ, ки бино ба иттиҳоми ӯ, як амри презиент Владимир Путин буд, муолиҷа гирифт. Аз замони боздошт шуданаш бо касе сӯҳбат накардааст ва мақомот нагузоштанд, ки вакилони дифоъ ба наздаш дароянд. Навалний августи порсол дар дохили як ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва маълум шуд, ки ӯ заҳролуд шудааст. Се озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ гуфтанд, ки раҳбари мухолифони Русия бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Урсула вон дер Лейен, раҳбари Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 18 январ гуфт, “боздошти Алексей Навалнийро маҳкум мекунам”. Ӯ гуфт, мақомоти Русия бояд ӯро билофосила озод ва амнияташро ҳам таъмин бикунанд. Бритониё ҳам ба ин даъватҳо ҳамроҳ шуд ва тақозо кард, ки Русия шеваи заҳролуд шудани Навалнийро бо як силоҳи кимиёии давраи Шӯравӣ шарҳ диҳад. Русия, дар ҳамин ҳол, талош дорад интиқодҳои Ғарбро нодида бигирад. Рӯзи 18-уми январ вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Ғарб бояд бо ҳалли мушкилоти худаш банд бошад.

XS
SM
MD
LG