Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СPJ аз Русия хост, ки таҳдид ба хабарнигоронро бас кунад


Рамзи расмии муассисаи давлатии Роскомнадзор
Рамзи расмии муассисаи давлатии Роскомнадзор

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз ҳукумати Русия хост, қонуни баҳсбарангез дар бораи маъмурони хориҷиро беэътибор кунад ва нагузорад, ки Роскомнадзор барои таҳдиду озори хабарнигорон ва сензура истифода шавад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар як баёнияи расмӣ гуфтааст: “Мақомоти Русия пайваста василаву қоидаҳое месозанд, то монеи маҷрои хабару иттилоот шаванд, ки ин бар зиёни ҷомеаи худашон аст.”

Баёнияи мазкур 14-уми январ ва ду рӯз баъд аз он нашр шуд, ки Роскомнадзор муассисаи масъули назорат бар муҳтаво дар шабакаҳои иттилоотӣ бо таҳияи 8 санад, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба риоят накардани Қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ муттаҳам кард.

Роскомнадзор рӯзи 12-уми январ дар вебсайташ навишт, ки гӯё Радиои Озодӣ қоидаҳои қонунро риоят накардааст, ки бар асоси он бояд «дар маҳсулоташ навиштаи маъмури хориҷӣ»-ро дошта бошад. Дар умум Роскомнадзор чаҳор тарҳу муассисаи вобаста ба Радиои Озодиро ҳадаф гирифтааст, ки онҳо бахши русии Радиои Озодӣ, Телевизиони Настояшее Время, вебсайтҳои хабарии Siberia.Reality ва Idel.Reality ҳастанд, ки барои мардуми Сибир ва минтақаҳои Волгаву Урал хабар нашр мекунанд.

Бар асоси Қонун дар бораи маъмури хориҷӣ, ки соли 2012 қабул шуд, созмонҳои муайян, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, бояд дар бораи фаъолиятҳо, аз ҷумла муҳосиботи молиашон ба мақомоти Русия гузориш бидиҳанд. Бар асоси иловае, ки моҳи декабри соли 2017 ба қонун ворид карданд, расонаҳои хориҷӣ вазифадоранд, дар як гӯшаи ҳар маводи худ “маъмури хориҷӣ” бинависанд.

Роскомнадзор дар баёнияааш аз рӯзи 12-уми январ гуфтааст, ки санадҳо дар бораи риоят накардани қоидаҳоро дар муддати се рӯзи корӣ ба додгоҳ мефиристад ва мумкин аст, барои ин қонуншиканӣ ширкат ва ё афроди алоҳидаро аз 500 000 рубл (6800 доллар) то ба 50 000 рубл (679 доллар) ҷарима кунанд. Барои риоят накардани Қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ мумкин аст, гунаҳкорро то ба 5 соли зиндон низ маҳкум намоянд.

Бори аввал аст, ки мақомоти Русия бар асоси қонуни мазкур расонаеро ҷарима мебанданд. Тед Липиен, мудири Радиои Озодӣ дар вокунин ба ин қарори мақомоти Русия гуфт: “Кремл кори моро барои расонидани иттиллои дуруст ба русҳо ва дигарон сахттар мекунад, вале наметавонад, монеи иҷрои ин нақши муҳими мо шавад.” Ба қавли Тед Липиен: «Таҳдидиҳои саркӯбгароёнаи Маскав айнан нишон дод, ки чаро Радиои Озодӣ ва Настояшее Время зарур ҳастанд.”

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, аз Роскомнадзор ва вазорати адлияи Русия шарҳ хостааст, вале ҳеч посухе нагирифтааст. Маскав моҳи гузашта ба феҳрасти маъмурони хориҷӣ номҳои афроди дигарро изофа кард, аз ҷумла номи хабарнигорон Людмила Савитская ва Сергей Маркелов ва Денис Камалягинро, ки бо бахши русии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Мақомот ҳамчунин номи хабаргузории Медиум-Ориент, муассиси вебсайти хабарии Caucasus Times – ро, ки дар Прага қароргоҳ дорад, моҳи декабр ба феҳрасти маъмурони хориҷӣ илова кард.

Ислом Текушев, масъули Медиум Ориент ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, азбаски муассисаи онҳо дар Русия ҳузур надорад, набояд маъмури хориҷӣ ҳисоб шавад. Ислом Текушев афзудааст, ки ба зидди қарори Роскомнадзор ба додгоҳ шикоят мекунад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки қарор дар бораи ворид кардани расонаҳо ба феҳрасти “маъмурони хориҷӣ” посухи баробар ба талаби Амрико аст, ки аз телевизиони давлатии RT-и Русия хостааст, намояндагиашро бар асоси Қонуни сабти маъмурони хориҷӣ сабт кунад.

Мақомоти Амрико мегӯянд, амалкарди Русия нодуруст аст, чун қонунҳои ду кишвар аз ҳам фарқ доранд ва Русия қонунашро барои саркӯби дигарандешон ва монеъ шудан ба табодули озоди афкор истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG