Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: Ҷасади нақбкан баъди ду рӯзи ҳодиса пайдо шуд


Баъди аз ду рӯзи садама дар нақби ба номи "Ленин"-и вилояти Қарағандаи Қазоқистон, ҷасади як нақбкан пайдо шуд.

Нақбкани фавтида Николай Шадиров 16 сол дар нақби мазкур фаъолият дошт. Масъулини ширкати "АрселорМиттал Темиртау", ки ба коркарди нақби ба номи "Ленин" машғул аст гуфтанд, ба хонаводаи Шадиров кӯмаки моддӣ мерасонанд.

Садама дар нақб шоми 13-уми январ рух дод. Ҳангоми фурӯ рафтани нақб дар дохили он 137 коргар қарор дошт, ки ба ҷуз як тан, дигарон ба берун бароварда шуданд.

XS
SM
MD
LG