Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳангоми даргирӣ дар Вазиристони Шимолӣ се сарбозро куштаанд


Вазиристони Шимолӣ. Акс аз бойгонӣ
Вазиристони Шимолӣ. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки рӯзи 14-уми январ дар даргирии нирӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯён дар Вазиристони Шимолӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон, се сарбоз кушта шуданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ду амалиёти ҷудогона дар махфигоҳи ҷангҷӯён се шӯришӣ низ ба қатл расидаанд. Артиши Покистон дар баёнияе гуфт, яке аз шӯришиёни кушташуда бомба месохт.

Мақомоти амниятии маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, даргирӣ дар минтақаи Даттахел сурат гирифтааст. Ин ҳодиса баъд аз ду рӯзи он рух дод, ки дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯён ба посгоҳе дар Вазиристони Шимолӣ ду сарбози Покистон кушта ва се нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Соли 2014 артиш амалиёти густардаеро барои решакан кардани пойгоҳҳои ситезаҷӯён дар минтақа анҷом дод, ки ҷони ҳазорҳо нафарро гирифт. Дар соли 2016 артиш иддао кард, ки пас аз се моҳи амалиёт пойгоҳи ҷангҷӯёнро поксозӣ кард.

XS
SM
MD
LG