Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи моҷарои фасод нахуствазири Эстония ба истеъфо рафт


Юри Ратас давоми панҷ соли охир дар мақоми нахуствазири Эстония кор кардааст
Юри Ратас давоми панҷ соли охир дар мақоми нахуствазири Эстония кор кардааст

Юри Ратас, нахуствазири Эстония ва раҳбари ҳизби Марказгаро дар пасманзари моҷарои марбут ба фасод ба истеъфо рафт. Ратас дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки аз мақом канор рафтани ӯ на ба хотири он аст, ки “касе ҳатмат гунаҳгор аст”, балки, ба гуфтааш, ба хотири он аст, ки тамоми моҷаро мӯшикофона таҳқиқ шавад. Рӯзи 12-уми январ полиси амнияти Эстония раиси кулли ҳизби Марказгаро Михаил Корб, мушовири вазири молия Керсти Крах, соҳибкор Ҳиллар Тедер ва боз ду нафари дигарро гумонбар дар содир кардани ҷиноят номид. Полис гуфтааст, ки Тедер ва Корб машварат карданд, ки соҳибкор ба ҳизби Марказгарои онҳо то як миллион евро хайр мекунад. Бар иваз Корб ба шаҳрдории Таллин таъсир мегузорад, то ки ба ширкати Porto Franco-и ин соҳибкор ҳақи сохтани роҳҳои наздик ба Таллинро бо арзиши арзонтар иҷоза медиҳад. Юри Ратас давоми панҷ соли охир раиси ҳукумат буд. Қаблан, солҳои 2005 то 2007 шаҳрдори Таллин будааст.

XS
SM
MD
LG