Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Қазоқистон рӯзи 12 январ натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии рӯзи 10 январро эълом кард.
"Нур Отан" 76 курсӣ, "Ақ жол" 12 курсӣ ва Ҳизби мардумӣ соҳиби 10 курсӣ шудааст.
Ба огаҳии КМИР, Ҳизби ҳокими "Нур Отан" 71,09 дарсад, Ҳизби мардумии Қазоқистон 9,10 дарсад, Ҳизби "Оқ жол" 10,95 дарсад, Ҳизби "Ауил" 5,29 дарсад ва Ҳизби "Адал" 3,57 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.
Ҳамин тариқ, раъйи зарурӣ (7%) барои ворид шудан ба порлумони Қазоқистонро се ҳизб - "Нур Отан", Ҳизби мардумии Қазоқистон ва Ҳизби "Оқ жол" касб кардааст.
Дар Қазоқистон рӯзи 10 январ интихоботи вакилони маҷлис, палатаи поёнии порлумони он кишвар баргузор шуд. Дар он ягон ҳизби мухолиф иштирок накард. Бештари фаъолони маданӣ ва сиёсатшиносон ин интихоботи Қазоқистонро ноодилона ва ғайрирақобатпазир номиданд. Ба гуфтаи шоҳидон, интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд баргузор шуда, нозирони мустақилро ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ роҳ надоданд.