Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Иттиҳоди Аврупо аз президенти нави Қирғизистон


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шаҳри Бишкек роҷеъ ба интихоботи ахири президентӣ ва раъйпурсии Қирғизистон изҳоротеро нашр кард.

Дар изҳорот омадааст, ки ИА аз "баргузории интихоботи президентии бонизому хуб созмонёфта" истиқбол мекунад. Вале ҳамчунин қайд шуда, ки бар асоси хулосаи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), дар ҷараёни интихобот нобаробарии шароит барои номзадҳо, сӯистифода аз манбаъҳои маъмурӣ ва нақзи раванди таблиғот мушоҳида шудааст.

"Теъдоди иштирокдорон низ кам буд. Мақомоти Қирғизистон бояд дар оянда низ қонунҳои миллии худ дар бораи интихоботро бо тавсияҳои Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони САҲА мутобиқ созанд. ИА аз президенти нави Қирғизистон даъват мекунад, ки бо ҳама қишри ҷомеа ҳамкорӣ карда, уҳдадории ин кишварро дар мавриди ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ тақвият бахшад", - афзудааст намояндагии ИА.

ИА гуфтааст, қирғизистониҳо дар раъйпурсии 10 январ низоми президентиро интихоб карданд ва Конститутсияи нави ин кишвар бояд кафолат диҳад, ки низоми мазкур меъёрҳои демократиро тибқи уҳдадориҳои байналмилалӣ пурра риоя мекунад.

Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон интихоботи президентӣ ва раъйпурсӣ дар мавриди низоми идории ҳукумат низ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, беш аз 80 дарсади онҳо барои гузаштан ба идораи президентӣ ва тақрибан ёздаҳ дарсад барои ҳифзи сохти порлумонӣ раъй додаанд. Ҳоло дар Қирғизистон низоми порлумонӣ ҷорӣ аст.

Дар интихоботи рӯзи 10-уми январ дар Қирғизистон 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади соҳибони ҳаққи раъй) иштирок кардаанд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол сармои шадид боис шудааст, ки мардум камтар ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ раванд.

XS
SM
MD
LG