Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомоти Узбекистон ба корбарони TikTok ва волидонашон


Вазорати умури дохилии Узбекистон муаллифони наворҳои шабакаи TikTok ва волидони онҳоро ҳушдор дод, ки "нақзи оромии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ майдавбошӣ ба шумор рафта, ҷазо дар намуди ҳабсро дар пай дорад".

Сухангӯи вазорат Шохрух Ғиёсов дар як муроҷиатномаи видеоӣ мегӯяд, "вақтҳои ахир як тамоюли нохуб мушоҳида мешавад. Шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ дар шабакаи TikTok ҳар гуна видеоҳоро нашр мекунанд, ки оромии ҷомеаро ба ҳам мезананд".

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои як корбари TikTok нашр шуд, ки нишон медиҳад, муаллиф ба хотири машҳур шудан дидаву дониста дар роҳи оҳан хоб меравад. Ин навор баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Мақомоти узбек муаллифи навор - сокини 37-солаи Андиҷон З. К.-ро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Пештар аз ин, ду нафар низ дар шаҳри Гулистони Узбекистон ҳангоми сурх будани чароғак ба роҳи оҳан баромада, рақс ва худро сабт карданд. Онҳо низ боздошт ва сешабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG