Ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар аввалин рақобати худ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар ҷараён дорад, мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Ҳарду имрӯз, 12-уми январ, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило қувваозмоӣ карданд.
Сомон Маҳмадбеков бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово шикаст хӯрд. Қувваозмоӣ хеле тӯл кашид ва баъди ҳашт дақиқа ғолиб муайян гардид. Ҷаково бо баҳогузории Waza-ari (Ваза-ари) ғолиб шуд.
Рақиби аввалини Беҳрӯзи Хоҷазода намояндаи Молдова Виктор Стерпу буд. Қувваозмоӣ 2 дақиқаю 9 сония идома кард. Стерпу бо баҳогузории Ippon (Иппон) пирӯз гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов бошад, рӯзи чоршанбеи 13-уми январ дар даври аввал бо Штефан Ҳеги аз Австрия вориди рақобат мешавад.
Рӯзи аввали мусобиқа мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг рақобат карданд. Дар рақобатҳо дар вазни 60 кило Ким Вон Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Янг Юн Вей аз Тайпейи Чин ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Алберт Огузови русиягӣ ва Торнике Тшакадуаи ҳолландӣ ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.
Дар рақобатҳо дар вазни 66 кило Баул Ан аз Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Борух Шмайлови исроилиро шикаст дод. Арам Григорян аз Русия ва Важа Маргвелашвили аз Гурҷистон ҷойҳои севумро ишғол намуданд.
Занон бошанд, 11-уми январ дар се вазн рақобат карданд. Дистрия Красниқи (Косово, 48 кг), Амандин Бучард (Фаронса, 52 кг) ва Тсукаса Йошида (Ҷопон, 57 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби ду медали тилло дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо як медали тилло ва ду нуқра дар ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо яктоӣ медали тилло, нуқра ва биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд.
Дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳа, ки бо ширкати ҳудуди 400 варзишгар аз 69 кишвар то рӯзи 13-уми январ идома меёбад, гуштигирон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters) дар Доҳаи Қатар:
Занон
-48 кг
1. Красниқи Дистрия (Косово)
2. Тонаки Фуна (Ҷопон)
3. Белодед Даря (Украина)
3. Мунхбатин Урантсэтсэг (Муғулистон)
-52 кг
1. Амандин Бюшар (Фаронса)
2. Аи Сисимэ (Ҷопон)
3. Астрид Гнето (Фаронса)
3. Майлинда Келменди (Косово)
-57 кг
1. Тсукаса Ёсида (Ҷопон)
2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)
3. Нора Гякова Косово)
3. Ҷессика Климкаит (Канада)
Мардон
-60 кг
1. Ким Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Янг Йун Вей (Тайпей)
3. Озугов Алберт (Русия)
3. Торнике Тшакадуа (Ҳолланд)
-66 кг
1. Ан Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Борух Шмайлов (Исроил)
3. Арам Григорян (Русия)
3. Важа Маргвелашвили (Гурҷистон)
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!