Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо раҳбарони Арманистону Озарбойҷон гуфтугӯ кард


11-уми январ, Кремл
11-уми январ, Кремл

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми январ дар Маскав бо раҳбарони Арманистону Озарбойҷон мулоқот кард. Ин нишаст ду моҳ баъди хатми низоъ дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва оташбаси имзошуда бо миёнҷигии Русия барпо шуд. Дар поёни музокирот Путин, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян изҳороти муштараке қабул карданд. Дар ин санад аз таъсиси гурӯҳи кории сеҷониба хабар дода шуд, ки бо масъалаи аз байн бурдани маҳдудиятҳои иқтисодиву нақлиётӣ дар минтақа машғул мешавад. Раҳбарии ин гурӯҳро аз ҳар кишвар муовинони нахуствазирон ба ӯҳда мегиранд ва нахустин мулоқоти онҳо 30-юми январ барпо мешавад. Алиев даъвати Путинро ҳамчун мулоқоти “бисёр корсозу муфид” ситоиш кард. Вале Пашинян гуфт, ки низоъ ҳанӯз поён наёфтааст ва ба зурурати ҳалли билофосилаи масоили пӯшонидашудаи марбут ба ин низоъ таъкид кард. Дар поёни мулоқоти чорсоата Пашинян ба журналистон гуфт, “мутаассифона, низоъ ҳанӯз бартараф нашудааст”.

XS
SM
MD
LG