Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони 6 бино дар Душанбе аз неъмати гармӣ маҳрум мондаанд.ВИДЕО


Мақомот гуфтаанд, ки лӯлаҳои фарсуд иҷоза намедиҳанд, ки ин биноҳои қадима гарм карда шаванд.

Сокинони шаш бино дар шарқи Душанбе мегӯянд, мақомот се сол аст ба шикояти онҳо дар бораи интиқоли оби гарм ба манзилашон гӯш намедиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, манзилҳои атрофи онҳо ба маркази барқу гармидиҳӣ пайвастанд ва танҳо дар байн онҳо аз ин "неъмат маҳрум мондаанд." Масъулин гуфтанд, мушкил дар қубурҳои биноҳо аст, ки бояд таъмир шавад.

Манзили Дилноза Сайидрасулова дар кӯчаи бинокорони Душанбе сард аст. Як дастгоҳи барқӣ хонаи ӯро гарм намекунад. Ба гуфтаи худаш, фарзандони хурдсолаш борҳо дар сардӣ бемор шудаанд. Қубури оби гарм аз наздикии манзили ӯ мегузарад, аммо гармӣ ба манзили онҳо намерасад.

"Хоҳиш мекунем, ки батарея (бухориҳо)-и моро ҳам таъмир кунанд. Се сол боз ариза менависем, он сол дуруст накарданд, имсол ҳам ваъда доданд, накарданд,"-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сокинони биноҳои сарди Душанбе гармӣ мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Ба гуфтаи сокинони кӯчаи Бинокори ноҳияи Шоҳмансур, дар инҷо танҳо ба манзили онҳо оби гарм интиқол намеёбад. Мушкили сокинон замоне сахтар мешавад, ки агар барқ хомӯш шавад. "Баъзе вақтҳо, ки барқро хомӯш мекунанд, аз хунукӣ мемуред. Бо як асбоби барқӣ умуман хона гарм намешавад. Барои кӯдакони майда мушкил, тез-тез касал мешаванд. Дору харида табобат мекунем, боз касал мешаванд,"-афзуд Дилноза Сайидрасулова, сокини бино.

Масъулин дар бораи мушкили ин сокинон далелҳои худро доранд. Мавлуда Мадалиева, масъули бино мегӯяд, қубурҳои оби гарм ба ин манзилҳо вайрон шудаанд ва бояд таъмир шаванд. Хонум Мадалиева афзуд, “қубурҳо бояд иваз карда шаванд."

Аз тарафи дигар набуди гармӣ маблағи истифодаи барқро зиёд кардааст. Як оилаи се нафара ба ҳисоби миёна дар зимистон аз 300 сомонӣ зиёд маблағи нерӯи барқ месупорад. Маблағе, ки ба гуфтаи сокинон пардохти он барои як оилаи миёнаҳол мушкил аст. То чаҳор сол пеш аксарияти бинову иншооти Душанбе аз гармӣ маҳрум буданд.

Бо шурӯи кори Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ки бо 380 миллион доллар қарзи Чин сохта шуд, аксари иншооту биноҳои шаҳр ба нерӯи гармӣ васл шуданд. Ширкати чинии TBEA бар ивази бунёди ин марказ ду кони тилоро дар ноҳияи Айнӣ соҳиб гашт.

Шаҳрдори Душанбе мегӯяд, то имрӯз беш аз 2,5 ҳазор иншоот дар Душанбе ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд. Душанбе ягона шаҳр дар Тоҷикистон аст, ки маркази барқу гармидиҳӣ дорад. Аммо як қисми зиёди шаҳрнишинҳо дар Душанбе ҳанӯз ҳам аз низоми гармидиҳӣ маҳруманд дар рӯзҳои сард ба мушкилӣ гирифтор мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG