Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Эрон ба ҷойи таҳқиқи фоҷиа наздикони қурбониёнро азият додааст


Маҳалли суқути ҳавопаймои Украина. Эрон, 8-уми январи 2020.
Маҳалли суқути ҳавопаймои Украина. Эрон, 8-уми январи 2020.

Пас аз як соли афтодани ҳавопаймои Украина дар Эрон, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, мақомҳои эронӣ ба ҷойи анҷоми таҳқиқи "шаффофу муътабар", оилаҳои қурбониёнро "азият" додаанд.

Ҳавопаймо рӯзи 8-уми январи соли 2020, пас аз чанд лаҳзаи бархостан аз фурудгоҳи Теҳрон, афтонда шуд. Дар он ҳодиса 176 нафар ҷон бохтанд. Қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Афғонистону Эрон, Канада, Бритониё, Шветсия ва Олмон буданд.

Эрон дар оғоз масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифт, аммо пас аз чанд рӯз ва афзоиши фишорҳои байнулмилалӣ эътироф кард, ки нирӯҳояш дар асари "хатои инсонӣ" тасодуфан ҳавопайморо ҳадаф қарор додаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар баёнияе аз мансабдорони Эрон хост, ба таҳқиқи комилан шаффофу бетарафона ваъда супоранд. Ин созмон дар асоси суҳбат бо оилаҳои қурбониён гуфтааст, мақомоти эронӣ онҳоро мавриди озору азият қарор додаанд.

Бино ба гузориши созмон, дастикам 20 нафаре, ки дар эътирозҳои сулҳомез ба хотири суқути ҳавопаймо иштирок доштанд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG