Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ гуфт, Эрон ба ваксинаҳои офаридаи Амрикову Бритониё "бовар надорад"


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ. 8-уми январи 2021
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ. 8-уми январи 2021

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, эълон кард, кишвараш хариди ваксинаҳои офаридаи Амрикову Бритониёро ба зидди коронавирус манъ мекунад, чун ба ҳардуи онҳо бовар надорад.

Ӯ дар як суханронӣ, ки рӯзи 8-уми январ дар телевизион намоиш доданд, гуфт: “Воридоти ваксинаҳои Амрико ва Бритониё ба кишвар мамнуъ аст. Ман инро ба мақомот гуфтам ва ҳоло ошкоро мегӯям.”

Ширкатҳои амрикоии Пфайзер ва Модерна ва ширкати бритониёии АстраЗенека ба зидди COVID-19 ваксина офаридаанд. Чину Русия низ. Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Воқеан ман ба Амрикову Бритониё бовар надорам, чун онҳо гоҳе мехоҳанд, ваксинаҳояшонро дар кишварҳои дигар озмоиш кунанд.”

Ӯ афзуд, Эрон метавонад, ваксинаро аз манобеи дигари қобили итминон ба даст оварад ва талошҳои Эронро барои офаридани ваксинаи худӣ ситоиш кард.

Эрон назар ба ҳар кишвари дигари Ховари Миёна аз коронавируси нав осеби зиёдтар дидааст. Дар онҷо, ба гуфтаи мақомот, вирус ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар сироят карда ва 65 ҳазор каси дигарро куштааст. Ҳарчанд мутахассисон мегӯянд, миқёси сироят ва талафот аз беморӣ ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомоти Эрон мегӯянд.

Дар кишвар моҳи гузашта озмоиши ваксинаи худиро оғоз карданд ва гуфтанд, ин ваксина имкон медиҳад, пандемияро аз байн барад. Таҳримоти иқтисодии Амрико, қудрати Эрон дар хариду молу маҳсулоти хориҷиро маҳдуд кардааст.

Айни замон Абдулносир Ҳимматӣ, раиси Бонки Марказии Эрон гуфт, Теҳрон барои хариди тақрибан 18 миллион дона ваксина, ки тавассути Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тақсим мешавад, 244 миллион доллар пардохтааст, вале ба гуфтаи мақомот то кунун ягон дона ваксина ба кишвар нарасидааст.

XS
SM
MD
LG