Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори пешини Туркманистон баъди 18 сол дар зиндон даргузашт


Маъракаи "Онҳоро зинда нишон диҳед!" хабар дод, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2020 Язгелдӣ Гундогдиев, як мансабдорони пешини Туркманистон дар зиндон вафот кардааст.

Гундогдиев бо айби табаддулоти давлатӣ ва барканории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов зиндонӣ шуда буд.

Вай 18 соли ахир зиндонӣ буд ва бо олами беруна робита надошт. Пайвандон, вакилони мудофеъ, табибон ва намояндагони созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ наметавонистанд, бо ӯ мулоқот кунанд, хабар медиҳад сомонаи маъракаи "Онҳоро зинда нишон диҳед" рӯзи 4-уми январ.

Гундогдиев дар синни 64-солагӣ фавтид. Вай роҳбари шуъбаи байналхалқии дастгоҳи президент ва раиси вилояти Дашоғузи он кишвар буд.

XS
SM
MD
LG