Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаҳои мавсими нави футбол дар Тоҷикистон баррасӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҷаласаи кумитаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 6-уми январ дар дафтари ФФТ доир гардид, мусобиқаҳои мавсими нав баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2021 байни қаҳрамони феълии кишвар - "Истиқлол" -и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ - "Равшан" -и Кӯлоб рӯзи 1-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар назар аст.

Санаҳои баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон барои мавсими соли 2021 тасдиқ шуд. Мусобиқаи пешакӣ бо иштироки даҳ бошгоҳи лигаи олии кишвар аз 9-ум то 22-юми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур шакли мусобиқаи ҷашнии қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ тасдиқ шуд. Мусобиқа бо иштироки даҳ бошгоҳ дар се давр доир мегардад. Санаи пешакии оғози мусобиқа 3-юми апрел муқаррар шудааст.

Дар мусобиқаи 30-юми қаҳрамонии Тоҷикистон 10 бошгоҳ – “Истиқлол” (Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), ССКА (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Душанбе-83” (Душанбе), “Файзканд” (Восеъ), “Истаравшан” (Истаравшан), “Равшан” (Кӯлоб) ва “ Эсхата ”(Хуҷанд) - ширкат меварзанд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки мусобиқоти лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон дар мавсими нав номҳои нав хоҳанд гирифт, ки баъдтар тасдиқ хоҳад шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2021 бояд дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" -и Хуҷанд баргузор шавад. Бори охир финали ин мусобиқа дар Хуҷанд соли 2012 доир шуда буд.

Бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ дастаҳо ду бозӣ - дар майдони худ ва дар меҳмонӣ - анҷом медиҳанд. Тибқи нақшаи Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи имсола барои Ҷоми кишвар 6-уми май шурӯъ мешавад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 аз ду давра иборат аст. Шумораи дақиқи дастаҳо пас аз маъракаи гирифтани литсензия ё муҷаввиз муайян хоҳад шуд. Мавсими нав дар лигаи аввал тахминан 22-юми апрел оғоз меёбад.

Ду дастаи пешсафи лигаи аввали Тоҷикистон-2021 ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ дар соли оянда мушарраф мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи қарорҳои кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

XS
SM
MD
LG