Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо ба "гирифтан"-и Сенат як қадам наздиктар шудаанд


Рафаэл Варнок ва Ҷо Байден

Ҳизби демократи Амрико ба "гирифтан" ё назорати Сенат наздиктар мешавад, ки имкон медиҳад, раиси ҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден сиёсату барномаҳояшро осонтар амалӣ кунад.

Бино ба гузоришҳо, ду номзади ҳизб дар даври дувуми интихоботи порлумонӣ дар иёлати Ҷорҷиа аз рақибони худ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ раъйи бештар ба даст овардаанд ва, мумкин аст, пирӯз шаванд.

Расонаҳои Амрико гузориш доданд, ки номзади демократҳо Рафаэл Варнок рақиби ҷумҳурихоҳашро шикаст додааст ва аввалин вакили сиёҳпӯст аз иёлати Ҷорҷиа мешавад.

Ҳарчанд ҳоло натиҷаҳои рақобати Ҷон Оссоф, номзади Ҳизби демократ ва Дейвид Пердю аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ эълон нашудааст, Ҷон Оссоф, мустанадсози 33-сола иддао кард, ки дар интихобот пирӯз омад. Натиҷаҳои пешакӣ нишон додааст, ки Ҷон Оссоф 50.2 ва рақибаш 49.8 дар сади раъйи мардуми иёлатро ба даст овардаанд.

Бино ба тахмини телевизионҳои CNN, Fox News ва хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", Рафаэл Варнок, воизи калисои қадимаи сиёҳпӯстон дар шаҳри Атланта назар ба рақибаш Келли Лоффер раъйи зиёдтар ба даст овардааст ва ба эҳтимоли ғолиб пирӯз мешавад.

Ҳоло чашмҳо ба сӯи рақобати Ҷон Оссоф ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Дейвид Пердю дӯхта шудаанд, ки фосила байни онҳо бисёр ночиз аст. Аммо Ҷон Оссоф дар як суханронӣ дар телевизион гуфт: "Ҷорҷиа, ташаккури зиёд ба Шумо, барои боварӣ ба ман. Аз тарафдорӣ ва боварии Шумо ифтихор мекунам ва дар хидмати Шумо хоҳам буд."

Мақомот гуфтаанд, шояд барои шумориши оро, ки миқдори зиёдашон бо почта расидаанд, чанд рӯз лозим шавад.

Дар сурати пирӯз шудани ҳарду номзади Ҳизби демократ, теъдоди вакилони ҳарду ҳизб дар Сенат баробар ва 50 ба 50 мешавад. Дар сурати тасвиби қароре, дар инҷо раъйи Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури Амрико лозим мешавад ва ӯ метавонад, ба тарафдории қабули қарор ё қонуни хостаи ҳукумат раъй диҳад.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ва ё Конгресси Амрикоро Ҳизби демократ дар даст дорад. Дар сурати ба даст овардани назорати Сенат ба Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико қарор аст, рӯзи 20-уми январ қасам ёд кунад, қабули барномаҳояш, аз ҷумла ислоҳи Хадамоти тандурустии Амрико осонтар мешавад.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Интихобот барои ба даст овардани ду курсӣ аз иёлати Ҷорҷиа, ихтилофи амиқи сиёсӣ дар байни ду ҳизбро нишон дод. Ҷо Байден ва Доналд Трамп рӯзи 4-уми январ барои ҷалби ҳимояти раъйдиҳандагон ба номзадҳои ҳизбҳояшон маъракаҳои тарғиботӣ бурданд.

Ҷо Байден номзади нахустини Ҳизби демократ шуд, ки дар 30 соли гузашта раъйи аксарияти мардумро дар ин иёлат ба даст овард. Ӯ дар шаҳри Атланта гуфт, Ҷорҷиа “метавонад, хати маши нав барои чаҳор соли оянда, балки насли ояндаро оғоз кунад”.

Доналд Трамп ба тарафдоронаш гуфт, раъйи Шумо “охирин шанс барои наҷоти Амрико аст, ки дӯсташ медорем.”

Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, ҳифзи назорати Сенат ба онҳо имкон медиҳад, сиёсатҳои ҳукумати Байденро таҳти назорат дошта бошанд ва сиёсатҳои муҳофизакоронаеро нигаҳ доранд, ки ҳукумати Трамп амалӣ кард. Пирӯзии вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ имкон медиҳад, ки иҷозат надиҳанд, демократҳо сиёсатҳоро дар арсаи иқтисод, тағйири иқлим ва таъйиноти додрасҳо ба осонӣ амалӣ кунанд.

Рақобати шадид барои назорати Сенат дар замонест, ки Доналд Трамп баъди шикаст дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр ҳамчунон пирӯзии рақибаш Ҷо Байденро эътироф накардааст ва иддаоҳои беасосеро такрор мекунад, ки интихобот олуда ба тақаллуб сурат гирифтааст.

Қарор аст, Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ ҷамъ омада ва натиҷаҳои интихоботро тасдиқ кунад. Тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботии Амрико дар Конгресс як расмиёт аст, вале 12 вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ба тасдиқи оро мухолифат мекунанд. Бо вуҷуди он ки мухолифати онҳо асаре дар тасдиқи натиҷаҳо надорад, мумкин аст, баҳсу даъвои зиёдеро дар бораи иддаоҳо доир ба тақаллуб дар интихоботро дар байни вакилон барангезад.

Браян Калт, профессори ҳуқуқдон аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Мичиган дар Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, талоши ҷумҳурихоҳон барои тасдиқ накардани натиҷаҳои интихобот “комилан беҳуда” аст, чун онҳо ҳаққи беэътибор кардани орои ҳайатҳои интихоботии иёлатҳоро надоранд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG