Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дувуми Баҳодур Усмонов дар бокси ҳирфаӣ


Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, дар дувумин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ ғолиб шуд.

Ӯ дар доираи мусобиқаи дастаӣ, ки 5-уми январ дар Сочи доир гардид, дар вазни то 64 кило бар Эмир Басиров ғалаба кард. Муштзани тоҷик ба ҳайати дастаи Мурат Гассиев ва рақибаш ба ҳайати тими Дмитрий Бивол шомил буданд.

Қувваозмоӣ чор раунд идома ёфт ва ҳисоб баробар - 38:38 шуд. Аз рӯи натиҷаи раунди чорум пирӯзӣ насиби Усмонов гардид. Ба ин тартиб, дастаи Гассиев баъди натиҷагирии қувваозмоии дувуми сабқати чаҳоруми марҳилаи пешакии мусобиқаи бокси ҳирфаӣ («Лига Ставок. Кубок Матч! Боец»), ки дар Сочи ҷараён дорад, бо ҳисоби 2:0 пешқадам шуд.

-Ман худро хуб ҳис мекунам. Ташаккур барои дастгирӣ, инчунин ташкили ин мусобиқа. Кӯшиш мекунам, ки дар сабқати оянда бокси тамошобоб нишон диҳам, — гуфт Усмонов баъди анҷоми қувваозмоӣ муқобили Басиров.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов дар аввалин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ дар доираи мусобиқаи Shamo Boxing Promotions, ки рӯзи 24-уми декабр дар Маскав доир гардид, дар вазни сабук (61,23 кг) бар Вилдан Минасови русиягӣ ғалаба кард. Қувваозмоӣ шаш раунд идома ёфт ва Баҳодур аз рӯи имтиёзҳо пирӯзӣ ба даст овард.

Бояд гуфт, ки дар оғози мубориза Баҳодур дар нокдаун қарор дошт, аммо зуд ба худ омад ва бо зоҳир кардани ирода аз рақиби ботаҷрибааш зиёдтар имтиёз ба даст овард.

Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии бокси ҳаваскорӣ дар Осиё, ба Олимпиадаи Токио, ки тобистони имсол баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтааст. Ӯ бори дувум аст дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол, ки онро Анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон бар асосии назархоҳии намояндагони расонаҳои хабарӣ тартиб медиҳад, мақоми аввалро касб менамояд.

Баҳодур Усмонов мегӯяд, тасмим гирифт дар бокси ҳирфаӣ низ ширкат варзад, ки тибқи қоидаҳои нав барои дар Бозиҳои олимпии Токио дар бокси ҳаваскорӣ ширкат варзидани ӯ халал намерасонад.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, ки моҳи марти соли гузашта дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар даври бокс-офф дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид.

Дастоварди бузурги варзишии соли 2019 низ ба ин муштзани 23-солаи тоҷик марбут аст. Ӯ дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG