Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё дигарбора карантини саросарӣ эълон карданд


Айни замон ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 идома дорад.
Айни замон ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 идома дорад.

Дар Бритониё дигарбора карантини саросарӣ эълон карданд, то пеши роҳи паҳншавии босуръати коронавирусро гиранд. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи 4-уми январ гуфт, мумкин аст ин ҳолат, то нимаи феврал давом ёбад. Интизор меравад, ки Олмон рӯзи 5-уми январ равуои мардум ва фаъолиятҳои иқтисодиро кам кунад.

Ба гуфтаи Борис Ҷонсон, шифохонаҳои Бритониё он қадар зери фишор мондаанд, ки аз саршавии бемории COVID-19 дида нашудааст. Дар ин кишвар хели нави коронавирус, ки зуд сироят мекунад, тез паҳн мешавад. Дар Олмон, ки беморӣ онҷо ҳам зиёд мешавад, Ангела Меркел бо раҳбарони вилояту ноҳияҳои кишвар вохӯрӣ мекунад ва интизор меравад, чун Бритониё чораҳоро барои пешгирии беморӣ сахттар кунанд.

Бритониё бори сеюм аст, карантини саросарӣ эълон мекунад ва акнун нахустин кишваре шуд, ки аз ваксинаи офаридаи ширкати AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд истифода мебарад.

Дар Бритониё рӯзи 8-уми декабр ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз ёфт ва ваксинае, ки аввал ба кор бурданд, аз ширкати Пфайзер ва БионТек мебошад.

XS
SM
MD
LG