Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба "Ҷоми рушд-2021” дар Минск


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021", ки аз 30-юми январ то 7-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск дар урдугоҳи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор шуруъ карданд.

Тибқи нақшаҳои ташкилкунандагони "Ҷоми Рушд-2021" дар мусобиқа ҳашт дастаи наврасон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзанд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск баргузор мешавад.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), гуфт, "ширкат дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-17), ки имсол дар Баҳрайн доир мегардад, маҳсуб мешавад.”

Зимнан, дар 19-умин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар Баҳрайн мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон соли гузашта ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

XS
SM
MD
LG