Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти қатли 11 шиамазҳабро дар Покистон ба уҳда гирифт. ВИДЕО


Тобути қурбониён. Кветта, Покистон, 4-уми январи 2021
Тобути қурбониён. Кветта, Покистон, 4-уми январи 2021

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти қатли 11 шиамазҳабро дар Покистон ба уҳда гирифт. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 4-уми январ иттилоъ дод. Мақомоти расмӣ гуфтанд, шахсони мусаллаҳ субҳи якшанбеи 3-юми январ дар вилояти Балуҷистони Покистон 11 конкани шиамазҳабро рабуда, сипас куштаанд.

Ҳодиса дар наздикии кони ангишти Моч, дар 48-километрии шаҳри Кветта, маркази маъмурии вилояти Балуҷистон, рух додааст. Намояндагони қавми ҳазора, ки пайравони аҳли ташшаюъ ҳастанд, рӯзи якшанбе бо нишони эътироз роҳҳоро дар Кветта бастанд ва балонҳоро оташ заданд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Гурӯҳи даҳшатафкан масъулияти қатли 11 ҳазораро бар дӯш гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар паёме дар Твиттер қатли 11 конканро, “амали буздилонаи террористӣ” номид. Муҳаммад Алӣ Ҷатоӣ, яке аз фармондеҳони нерӯҳои ниманизомӣ дар минтақа, мегӯяд, ҳамлаварон шиамазҳабонро аз байни дигар коргарон ҷудо карда, ба яке аз кӯҳҳои атроф бурда ва тирборон кардаанд.

Ақаллиятҳои шиамазҳаби ҳазора ҳам дар Афғонистону Покистон дар гузашта ҳадафи гуруҳҳои ифротии суннимазҳаб, аз ҷумла ДОИШ қарор гирифтаанд.

Вилояти Балуҷистони Покистон, ки бо Эрону Афғонистон ҳаммарз аст, аз соли 2004 то кунун шоҳиди ҳамлаву бомбгузориҳо, муноқишаҳои мазҳабӣ шудааст ва аз он замон то кунун ҳазорон нафар ҳам ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG