Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи World Judo Masters дар Доҳаи Қатар


Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода
Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода

Дар мусобиқаи World Judo Masters, ки рӯзҳои 11-13-уми январ дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар ин мусобиқа дар ҳар вазн 32 варзишгари пешқадам тибқи мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ даъват мешаванд.

Шаҳри Доҳа бори аввал мизбони мусобиқаи World Judo Masters мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард ва 182 зан) аз 70 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Ба мусобиқаи байналмилалии World Judo Masters дар Доҳаи Қатар се паҳлавони тоҷик, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош меварзанд, даъват шудаанд: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷойи 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷойи 17-ум ва Темур Раҳимов дар ҷойи 30-юм қарор доранд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз мегиранд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ҷойҳои севум 3000-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки соли 2019 дар мусобиқаи устодони ҷудо Qingdao Judo Masters, ки рӯзҳои 12-14-уми декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор шуда буд, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ кард.

Аз байни онҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуд. Ӯ дар вазни то 90 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Алҷазоир, дар даври баъдӣ аз Микаил Озерлер аз Туркия мағлуб шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мурао Санширои ҷопониро шикаст дод ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Вале Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Неманҷа Маҷдов аз Сербия бохт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб гашт.

Се гуштигири дигари тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кило), ки дар даври аввал бар рақибонашон ғолиб омаданд, баъдан ноком шуданд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то 20-уми майи имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо моҳи июни соли 2021 феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG