Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Лондон ҳукми поягузори Викиликсро содир мекунанд

Бунёдгузори Викиликс Ҷулиан Ассанж

Интизор меравад, рӯзи 4-уми январ додгоҳе дар Лондон ҳукми поягузори шабакаи Викиликс Ҷулиан Ассанжро содир кунад. Дар сурати пуштибонии додгоҳ аз истирдоди ӯ ба Амрико, Ассанж барои нашри санадҳои махфии низомии Иёлоти Муттаҳида ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, вазири корҳои дохилии Бритониё қарори истирдод ё худдорӣ аз интиқоли Ассанжро ба Амрико қабул хоҳад кард. Тахмин меравад, ҳукми имрӯза бо талаби бозбинӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Додситонҳои Амрико дар соли 2010 Ассанжро ба ҷосусӣ ва суистифода аз компютерҳо муттаҳам карданд.

Ассанжи 49-сола дар соли 2012 аз тарафи Эквадор ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ эътироф шуда, дар сафорати ин кишвар дар Лондон пинҳон буд. Моҳи апрели соли 2019 бо талаби Амрико аз сафорати Эквадор ихроҷ ва аз тарафи мақомоти Бритониё ба ҳабс гирифта шуд.

Вакилони Ассанж мегӯянд, айбномаи ӯ сиёсӣ буда, фишор болои озодии матбуот аст. Ба қавли онҳо, таъқиби Ассанж хабарнигорони саросари оламро бо таҳдид рӯ ба рӯ мекунад. Вакилони ҳукумати Амрико таъкид мекунанд, ки даъвоҳои ҳомиёни Ассанж қобили қабул нестанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳалокати 15 нафар дар сӯхторе дар хонаи пиронсолони Украина

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон дар шаҳри Харкови Украина

Дар натиҷаи сӯхтор дар хонаи пиронсолони шаҳри Харков камаг 15 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Украина рӯзи 21-уми январ хабар дод, ки 9 бошандаи хонаи пиронсолон наҷот дода шуда, айни ҳол дар беморхона ҳастанд.

Ирина Венедиктова, додситони кулли Украина, гуфт, дар сӯхтор 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Венедиктова афзуд, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тибқи фарзияи пешакӣ “истифодаи нодурусти таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ” боиси сар задани сӯхтор шудааст.

Ба иттилои Хадамоти оташнишонӣ сӯхтор наздикиҳои соати 15:00 дар ошёнаи дуввуми бинои дуқабата сар задааст. Он замон дар дохили бино 33 нафар қарор доштаанд. Дар акси нашркардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Украина бинои тирезаи ошёнаи якумаш панҷарапӯш дида мешавад. Аз тирезаҳои ошёнаи дуввум дуд мебарояд.

Русия ба Амрико пешниҳод кард, созишномаи СНВ-3 панҷ соли дигар тамдид шавад

Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар оғози кори президент Ҷо Байден ба ҳукумати нави Амрико пешниҳод кард, ки созишномаи дуҷонибаи СНВ-3, дар бораи чораҳои коҳиш ва маҳдудсозии силоҳи стратегӣ, 5 соли дигар дароз карда шавад. Дар ин бора сомонаи РБК хабар медиҳад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 19-уми январ гуфтааст, агар Вашингтон дар мавриди ҳифзи созишномаи СНВ-3 иқдом кунад, Маскав аз он истиқбол хоҳад кард.

Энтонӣ Блинкен, номзади нав ба мақоми котиби давлатии Амрико рӯзи 19-уми январ гуфт, ҳукумати Байден талоши ҳифзи созишномаи СНВ-3-ро хоҳад кард.

Владимир Путин, президенти Русия соли гузашта аз Вашингтон хоста буд, ки бидуни ҳеч қайду шарте муҳлати созишнома барои як сол тамдид шавад. Коршиносон мегӯянд, бидуни ин созишнома байни ду кишвар пойгаи нави таслиҳотӣ шуруъ хоҳад шуд.

Созишномаи СНВ-3 соли 2010 байни ду кишвар имзо шуд ва муҳлаташ моҳи оянда ба поён мерасад. Ин созишнома теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаӣ, мушак ва бомбандозҳоро дар артиши ду кишвар маҳдуд мекунад.

Twitter саҳифаи сафорати Чинро дар Амрико баст

Шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифаи сафорати Чинро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз нашри матлабе, ки аз сиёсатҳои Чин дар Шинҷон ҳимоят мекард, бастааст. Қабл аз ин маъмурияти Доналд Трамп сиёсатҳои Пекинро дар ин минтақа нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ наслкушӣ ва ё генотсид номида буд.

Намояндаи расммии Twitter рӯзи 20-уми январ гуфт, "мо амалҳои зиддибашариро нисбат ба гуруҳе аз одамон бинобар динашон, синну сол, беморӣ, қавму нажод маҳкум мекунем.”

Дар як навишта дар саҳифаи сафорати Чин моҳе қабл гуфта мешуд, ки занони уйғур дигар "мошине барои тавлиди кӯдакон" нестанд. Ин навишта дар истинод ба матлаби нашрияи давлатии China Daily таҳия шуда буд.

Twitter ин навиштаро пок карда, ба ҷояш аксеро гузошт, ки дар он гуфта мешавад, ин матлаб дигар дастрас нахоҳад буд. Тwitter навиштаҳоеро, ки зидди сиёсатҳои худ медонад, ноаён мекунад ва ҳамчунон аз муаллифони он талаб мекунад, чунин навиштаҳоро довталабона пок кунанд.

Саҳифаи сафорати Чин дар Амрико навиштаро пок накард ва ҳамчунон аз 9-уми январ ба ин ҷониб матлабе ҳам нашр нанамуд.

Бино бар арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид, на кам аз 1 миллион уйғур ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар Шинҷон маҷбуран ба марказҳои бозтарбия бурда шудаанд. Пекин иддао дорад, ки ин марказҳои касбомӯзӣ аст ва ҳадаф дур нигоҳ доштани сокинон аз терроризм ва ҳамоиш бо ҷомеаи чинӣ мебошад.

Президенти нави Қирғизистон 28 январ савганд ёд мекунад

Содир Ҷабборов

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 28-уми январ баргузор мешавад. Дар ин бора Галина Байтерек, котиби матбуотии Ҷабборов хабар дод.

Рӯзи 21-уми январ Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷабборовро президенти мунтахаби кишвар эълом кард. Ба иттилои расмӣ, Ҷабборов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 10-уми январ 79,2 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Баъзе аз рақибонаш натиҷаҳои интихоботро "дур аз воқеият" донистанд.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расида буд.

Расонаҳо: Майкл Пак аз раёсати USAGM истеъфо дод, вале онро "дилсардкунанда" номид

Майкл Пак.

Майкл Пак, раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM, чанд соат пас аз савгандёдкунии президент Ҷо Байден аз мақомаш истеъфо додааст.

"Вашингтон пост", Радиои умумимилии Амрико ва расонаҳои дигар гузориш доданд, ки Майкл Пак рӯзи чаҳоршанбе дар номае истеъфои худро эълон кард, аммо ин хабар ҳанӯз дар вебсайти ниҳоди зери раҳбарии ӯ ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Бо ин вуҷуд расонаҳои амрикоӣ матни истеъфономаеро, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, нашр кардаанд. Дар он ба дархости "дилсардкунанда"-и истеъфои ӯ аз сӯи ҳукумати Амрико ишора шудааст.

Пак дар номааш навиштааст, "дархости истеъфои ман дилсардкунанда аст" ва дар идома гуфтааст, ин мавзуъ барои муддатҳо ҳамчун иқдоме ҳизбӣ арзёбӣ хоҳад шуд ва ба ниҳоде, ки қарор аст дар хизмати мардуми Амрико ва манфиатҳои миллӣ бошад, зарба мезанад".

Ҳадаф ва маъмурияти Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико, нашри хабарҳои бетарафона дар ҳимоят аз озодӣ ва демократия дар берун аз Иёлоти Муттаҳида аст.

Бо ин вуҷуд, ҳузури кӯтоҳмуддати Майкл Пак дар раҳбарии ин созмон иттиҳомотеро ба зидди ӯ барангехт. Майкл Пак дар соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп барои раҳбарии Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико пешниҳод шуд, аммо таъйиди ӯ дар Сенат то моҳи июни соли гузашта ба таъхир афтод.

Ҳудуди даҳ рӯз қабл панҷ мудири собиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико хоста буданд, баъди нишастан ба курсии раиси ҷумҳур, ба ҷойи Майкл Пак, раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико каси дигареро таъйин кунад.

Дар номаи муштараки онҳо ба унвони Ҷо Байден, аз ӯ тақозо шуда буд, ки бо андешидани тадобири дигар “тамомияту дурустӣ”-и расонаҳои байналмилалии Амрикоро, ки давлат маблағгузорӣ мекунад, муҳофизат намояд.

Дар номае, ки рӯзи 8-уми январ фиристодаанд, мудирони собиқи Радиои Озодӣ гуфтаанд, амалкардҳои шахсӣ ва сиёсии Майкл Пак "барои бор кардани ранги идеологӣ дар барномаҳо ва таҳти назорати сахти ҳукуматӣ қарор додани расонаҳои байналмилалии Амрико равона шудааст ва эътибору самараи онҳоро зери хатар мегузорад.”

Тими интиқолии Ҷо Байден қаблан эълом карда буд, ки иқдомоти Майкл Пакро бозбинӣ мекунад ва ба имкони барканории ӯ ишора карда буданд.

Оҷонси суханпарокании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё USAGM, радиову телевизиони Садои Амрико, Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва чанде дигар аз расонаҳои Амрикоро зери назар дорад, ки барои кишварҳои орӣ аз матбуоти озод барнома нашр мекунанд.

Дар ду инфиҷори маргталабона дар Бағдод 7 нафар кушта шуданд

Тамизкор боқимондаҳои мошини мунфаҷиршударо мерӯбад. Бағдод 13-уми июли соли 2015

Ду бомбгузори маргталаб худро дар шаҳри Бағдод мунфаҷир карда, боис ба кушта шудани ҳадди ақал ҳафт нафар гардидаанд. Дар ин бора идораи пулис рӯзи 21-уми январ хабар дод.

Ба гуфтаи мақомот, ду инфиҷор дар бозори пуродами Майдони Таярон, дар маркази пойтахти Ироқ, рӯзи 21-уми январ рух дод. Ба гузориши телевизиони давлатӣ ду маргталаб худро таркондаанд.

Бисёре аз захмиҳо дар ҳолати сангин қарор доранд ва харобиҳои ин таркиш хеле зиёд аст. Мақомоти расмӣ бино бар талаботи қоидаҳои ҷорӣ бо расонаҳо бо шарти набурдани номашон суҳбат мекунанд.

Пас аз солҳо хушунатҳои марговари мазҳабӣ, инфиҷорҳои маргталабона дар Бағдод нисбатан кам шуда буданд. Бори охир чунин як ҳамла моҳи июни соли 2019 рух дода буд, ки дар натиҷаи он чанд нафар ҷони худро аз даст доданд.

То ба ҳол ҳеч гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Инфиҷорҳои маргталабона дар гузашта аз сӯи гуруҳҳои силоҳбадасте ба мисли “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ташкил шуда буданд.

Ироқ дар поёни соли 2017 ва пас аз ҷанги сесола аз маҳви ДОИШ хабар дода буд, аммо гуруҳҳои парокандаи ин созмон дар минтақаҳои биёбонӣ ва куҳӣ амал мекарданд.

Таркиш дар Балучистон мошини сарбозонро нобуд кардааст

Вилояти Балучистони Покистон. Акс аз моҳи июли 2020

Дар натиҷаи таркиши бомбе дар вилояти Балучистони Покистон камаш чаҳор сарбоз кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми январ ҳангоми гаштзании сарбозони Нерӯҳои ниманизомии Покистон дар ноҳияи Коҳлу рух додааст.

Ин ноҳия дар 200 километрии шаҳри Кветта, маркази маъмурии Балучистон ҷойгир шудааст.

Як сухангӯи Нерӯҳои ниманизомӣ гуфт, ки вазъи се сарбози маҷруҳ фавқулода вазнин аст. Ба гуфтаи ӯ, таркиши бомби худсохт мошини сарбозонро нобуд кардааст.

Ду мақоми расмии шаҳри Кветта вуқӯи ҳодисаро тасдиқ карданд. Ҳеч гуруҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Дар Балучистон аз соли 2004 ба ин тараф нерӯҳои Покистон ба саркӯби ҷудоиталабони шӯришгар идома медиҳанд ва дар ҷанги байни ду тараф то кунун ҳазорон нафар кушта шудаанд. Фаъолони ҷомеаи маданӣ дар Балучистон артиши Покистонро ба қатлҳои худсарона, рабудани фаъолони сиёсӣ ва ҷудоиталабон ва шиканҷаи онҳо муттаҳам мекунанд.

Байден фармони давраи Трампро дар бораи маҳдудияти сафари мусулмонҳо бекор кард

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ҳангоми имзои фармонҳо дар Кохи Сафед. 20-уми январи 2021

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, фармонеро имзо кард, ки сиёсати президенти собиқ Доналд Трамп дар бораи маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони чанд кишвари умдатан мусулмоннишинро ба ин кишвар бекор мекунад.

Фармон рӯзи 20-уми январ имзо шуд. Ин яке аз 17 фармону дастурҳоест, ки сиёсатҳои калидии Трампро бекор мекунад ва Байден дар рӯзи нахустини раёсаташ онҳоро содир кард. Кохи Сафед фармони раисҷумҳури собиқро "барангезандаи адовати динӣ ва бегонаситезӣ" номид.

Фармони нав Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро уҳдадор кард, ки судури визаро ба сокинони кишварҳое, ки фармони қаблӣ манъ мекард, барқарор кунад ва нисбат ба шахсоне, ки аз он зиён диданд, адолатро барқарор намояд. Бахусус нисбат ба онҳое, ки бино бар фармони қаблӣ барояшон раводиди муҳоҷират дода нашуд.

"Ин қадами муҳиме дар роҳи кумак ба шахсони алоҳида ва оилаҳо мебошад, ки аз сиёсати маъмурияти Трамп, ки бо арзишҳои амрикоӣ ҳамхонӣ надошт, зиён дидаанд", -- омадааст дар баёнияи Кохи Сафед.

Тасмими ба истилоҳ "манъи мусулмонҳо" аз нахустин иқдомҳоест, ки Доналд Трамп соли 2017, замоне ки ба сари қудрат омад, рӯйи даст гирифт. Ин тасмим бино бар пеш омадани чанд мушкилоти ҳуқуқӣ баъдан тағйир дода шуд, ки маҳдудияти сафарро нисбат ба кишварҳои ғайримусулмон ҳам ҷорӣ кард.

Ин фармони Трамп амалан сафари шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Либия, Судон, Сурия ва Яманро ба Амрико маҳдуд кард. Баъдан Ироқ ва Судон аз ин феҳрист берун шуданд ва ба ҷойи он Чад, Кореяи Шимолӣ ва Венесуэла ворид гардиданд.

Facebook садҳо сафҳаи "фермаи ҷавоб"-и марбут ба мақомоти Қирғизистонро пок кард

Шабакаи иҷтимоии "Facebook" баъди интихоботи президентии ахир дар Қирғизистон садҳо саҳифаро пок кард. Бархе аз саҳифаҳои покшуда ба мансабдорони ҳукуматгарои Қирғизистон рабт доштанд. Талоши рӯзноманигорон инро ошкор кард.

Айдай Иргебоева, рӯзноманигори сомонаи Kloop-ро метавон, фошкунандаи асосии саҳифаҳои фейкӣ дар идораи Kloop унвон кард. Дар давоми қариб ду сол вай пойгоҳи саҳифаҳои "фермаи ҷавоб" ва фейкиро тартиб додааст. Ҳамаи ин саҳифаҳо ба манфиати сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон тарғибот мебаранд.

"Фейкҳоеро дӯст медорам, ки ба ҷонибдорӣ аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" тарғиб мекунанд. Қариб дар ҳамаи саҳифаҳои ин фейкҳо тавассути ҳуши маснуӣ акс тартиб додаву гузошта шудааст", - нақл мекунад Иргебоева.

Аз замоне ки ин рӯзноманигор ба шикори фейкҳо шуруъ кард, созандагони саҳифаҳои фейкӣ низ ҳушёртару зирактар шуданд. "Фейкҳо низ ба сӯи такомул ҳаракат доранд", - гуфт рӯзноманигор.

Харидани саҳифа дар "Фейсбук" 10 сом, муодили 12 сенти ИМА арзиш дорад. Аммо метавон, ба инсони воқеӣ 3 ҳазор доллар пардохт кард ва вай ошкоро аз номи худ ба ҷонибдорӣ аз ҳизби сиёсие ё барои мисол, аз президенти Қиризистон тарғибот барад, гуфт Айда Иргебоева.

"Дар рафти таҳқиқот мо афродеро ошкор кардем, таҷрибаи кор дар расонаҳо ва ҳукуматро доштанд. Онҳо дар маъракаи интихоботи порлумонӣ дар тирамоҳи соли 2020 ва дар интихоботи президентии 10 январи соли ҷорӣ ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои алоҳида тарғибот бурдаанд", - нақл мекунад рӯзноманигор.

Дар таркиши маркази гармидиҳии Узбекистон се кас ҷон бохт

Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"

Дар Маркази барқу гармидиҳии "Ново-Ангрен"-и вилояти Тошканди Узбекистон, ки чанде пеш фаъолияташ қатъ шуда, таъмиру бозсозӣ мешуд, 20 январ таркиш ба амал омадааст.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, дар натиҷа се кас ба ҳалокат расида, се тани дигар захмӣ шудаанд.

"Ҳалокшудаҳо ва захмиён кормандони ширкати хидматрасоне ҳастанд, ки бо таъмири марказ машғул аст", - афзудааст манбаъ.

Таҳқиқи сабабҳои ҳодиса оғоз шудааст.

Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи таркиш зербиноӣ ва таҷҳизоти технологии марказ осеб надидааст.

КМИР натиҷаҳои интихоботи президентии Қирғизистонро тасдиқ кард

Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) 20 январ бо тасдиқи натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлати президентии 10 январ онро баргузоршуда эълом кард.

Барандаи интихобот Содир Ҷабборов дониста шуд, ки 1 миллиону 105 ҳазору 248 кас ё 79,2 дарсади интихобкунандагон ба ӯ раъй додаанд.

Номзадҳои дигар Адахан Мадумаров 94 ҳазору 741 раъй (6,79%) ва Бобурҷон Толбоев 32 ҳазору 979 раъй (2,36%) ба даст овардаанд.

Дар интихобот ҷамъан 1 миллиону 395 ҳазору 513 кас иштирок карда, 18 ҳазору 673 нафар зидди ҳамаи номзадҳо раъй додаанд.

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қирғизистон баъд аз он баргузор шуд, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябри соли 2020 боис ба беназмиҳо шуд ва мақомот зери фишори эътирозгарон натиҷаҳои онро бекор карданд.

Норозиён ҳукуматро барои харидани овозҳо ба тарафдорӣ аз ҳизбҳои наздик ба раиси ҷумҳури вақт Сооронбой Ҷеенбеков муттаҳам карданд. Баъдан Ҷеенбеков ба истеъфо рафт.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расид.

Додгоҳи Қазоқистон хост, фаъолони маданӣ як моҳи дигар дар ҳабс монанд

Бинои яке аз додгоҳҳои Қазоқистон.

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 20 январ дар як ҷаласаи онлайнӣ муҳлати ҳабсӣ чаҳор фаъоли маданиро як моҳи дигар дароз кард.

Ҳабси хонагии Даметкан Аспандияроваи 43-сола, ҳабси пешакии Кайрат Клишеви 37-сола, Асхат Жексебаеви 47-сола ва Абай Бегимбетови 48-сола бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ барои ба поён расонидани тафтишот 1 моҳ дароз карда шуд.

Ин фаъолони мадании қазоқ ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Көше партиясӣ" гумонбар ҳастанд. Бархе аз онҳо 23 августи соли равон бар асоси банди "Ташкилу раҳбарии созмони террористӣ ё иштирок дар фаъолияти он"-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон 2 моҳ ҳабс шуданд. Қонунҳои Қазоқистон барои ин навъи ҷиноят то 17 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Асхат Жексебоев ва Абай Бегимбетов то ҳабс шудан чандин бор барои иштирок дар тазоҳуроти ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бидуни иҷозат боздошт ва ҷарима шуда буданд.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ карда буд.

HRW аз Тоҷикистон хост, Набиеви 80-соларо озод кунад. ВИДЕО

Дониёр Набиев

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломати Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-сола аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ӯро фавран аз зиндон озод кунад.

Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бемори сил аст ва вазъаш дар зиндон бад шудааст. Онҳо низ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороте рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад."

Намояндаи HRW: "Ҳукми Дона Набиев, баробар ба ҳукми қатл аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Ба навиштаи созмон, ӯ тайи чанд сол ҳар моҳ аз 15 то 30 доллар ҳаққи бознишастагиашро ба наздикони муҳтоҷи аъзои зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Дидбони Ҳуқуқи Башар Дониёр Набиевро "қурбонии силсилаи боздошт ва маҳкумиятҳо бо ангезаҳои сиёсӣ" номида ва афзудааст, "қазияи ӯ нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони худ даст бардоштанӣ нестанд."

Соле пеш Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад. Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои чанд ҷиноят, аз ҷумла, ба қавли онҳо, даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ маҳкум шудаанд. Раҳбарияти дар хориҷа иддаои даст доштан дар ошӯбро бепоя хондаанд.

Раимбек Матраимов насаби худу занашро тағйир дод

Раимбек Матраимов

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раимбек Матраимов, баъди он ки номаш барои ба эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии Амрико ворид карда шуд, насаби худ ва ҳамсарашро тағйир дод.

Сухангӯи Хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова номи падарии худро иваз кардаанд.

Айни замон ӯ гуфт, ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар, ҳақ надорад, номи нави онҳоро фош кунад.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 15-уми январ додраси додгоҳи шаҳри Бишкек баррасии шикояти Матраимовро ба муқобили Бахши қирғизии Радиои Озодӣ (“Азаттик”), хабарнигор Алӣ Токтакунов ва вебсайти хабарии Kloop ба таъхир гузошт.

Додрас Ҷилдиз Иброҳимова он рӯз гуфт, Раимбек Матраимов фамилияи худро ба Исмоилов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова ба Сулаймонова иваз кардаанд. Додрас гуфт, мурофиаи додгоҳӣ баъди он идома меёбад, ки Матраимов ва ҳамсараш санадҳои расмиро дар бораи тағйири қонунии номашон пешкаш кунанд.

Дар оғози моҳи декабри соли гузашта Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки Матраимовро барои нақшаш дар фасоди азим ва сохтани нақшаи пулшӯӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳрим мекунад.

Дар изҳороти Вазорати молияи Амрико омадааст, Матраимов ва ширкаташ дар нақшаи 700-миллиондолларӣ даст дорад, ки аз роҳи ришвахории мақомот барои фирор аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ ва ҳам пулшӯӣ ба хотири даромадҳои ҳангуфт ҳосил шудааст. Таҳримҳои зидди Матраимов ба Қонуни Магнитский мувофиқат мекунанд. Ин қонун соли 2012 дар Амрико барои муҷозоти шахсоне қабул шудааст, ки даст ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва ё фасоди густарда мезананд.

Як таҳқиқоте, ки аз ҷониби журналистони Радиои Озодӣ, Тарҳи таҳқиқи ҷиноёти созмонёфта ва фасод ва вебсайти Kloop анҷом ва моҳи июни соли 2019 нашр шуд, нақши Матраимовро дар як фасоди калони молӣ фош кард.

Журналистон роҳҳои аз Қирғизистон бо кумаки Айеркен Сайматӣ, як тоҷири уйғуртабори чинӣ ба берун бурда шудани пулҳоро фош карданд. Сайматӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Он замон мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Матраимов розӣ шуд тахминан 2 миллиард сом (муодили 23,5 миллион доллар)-ро ҳамчун зиёни воридшуда ба давлат бипардозад ва 80 миллион сом (тахминан 1 миллион доллар) ба ҳисобҳои давлат бозпас диҳад.

Клара Сооронқулова, собиқ додраси Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар дорад, Матраимов ва ҳамсараш бо роҳи тағйир додани насаби худ мехоҳад, аз таҳримҳои ҷорикардаи Амрико фирор кунанд.

Сооронқулова гуфт, "ба бовари ман, баъди ворид шудани номи ӯ ба Қонуни Магнитский, бисёр дарҳо дар саросари ҷаҳон ба рӯи онҳо баста мешавад. Ҳоло барояшон мушкили зиёд мешавад, то ки дороиҳои худро ба номи худ нигаҳ доранд."

Худи хонаводаи Матраимов ё ҳуқуқшиносонашон дар заминаи тағйири ном кардани онҳо ҳеч шарҳ надодаанд.

Нахустин марказ барои наҷотдиҳандагони Осиёи Миёна дар Тоҷикистон таъсис меёбад. ВИДЕО

Рӯзи сешанбеи 19-уми январ дар минтақаи Қаратоғи Тоҷикистон сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд. Дар ин марказ ҳамзамон наҷотдиҳандагони Афғонистон низ метавонанд таълим бигиранд, зеро офтаҳои табиӣ дар ин кишвар мушобеҳи ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон будааст.

Бунёди нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ дар харобаҳои қисми низомии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар масоҳати 28 гектар шурӯъ шуд. Марҳилаи дувуми ин марказ бунёди тамрингоҳ барои наҷотдиҳандагон дар шароити куҳистонро дар назар дорад.

Қарор аст, марҳилаи аввали сохтмони тамрингоҳ ва маркази омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расад. Марҳалаи аввали бунёди маркази омӯзиширо ширкати сохтмонии "Осиё" бар ӯҳда дорад.

Дар ин маросим генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳадафҳои таъсиси ин марказ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки сохтмони тамрингоҳ ва маркази омузишӣ дар ду давр анҷом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даври аввал бунёд ва таъмири кулии биноҳои таълимӣ, бинои маъмурӣ, меҳмонхона, гузаргоҳи назоратӣ, ҳамчунин бунёди шабакаҳои барқрасонӣ, оби ошомиданӣ ва гармидиҳӣ, шабакаҳои коррезӣ ва ободкории ҳудуди маркази таълимӣ, хариди мебел ва таҷҳизотро фаро мегирад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ генерал Назарзода гуфт, ки барои иҷрои комили умури сохтмонӣ дар ин марказ ҳудуди се миллион евро сармоя зарур аст. Ҳоло танҳо марҳилаи аввали сохтмони ин марказ шурӯъ шуд ва Иттиҳоди Аврупо тавассути Дафтари намояндагии барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон як миллион евро ихтисос дода, талошҳо барои ба даст овардани сармояи боқимонда идома дорад.

Оғози сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар Осиёи Миёна
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Мерилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар тӯли ҳамаи солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ин созмон бори нахуст бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Муҳаммадзоҳири Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, мавқеи ҷуғрофии ду кишвар низ далели он аст, ки сокинони Тоҷикистону Афғонистон бо хатарҳои мушобеҳи табиӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ба ин далел, Муҳаммадзоҳири Ағбар гуфт, ки Афғонистон ҳамеша дар орзуи ин амр буд, ки наҷотдиҳандагони ин кишвар тавонанд дар шароити Тоҷикистон роҳҳои рафъи хатарҳо ва наҷоти ҷони инсонҳо дар офатҳои табииро биомӯзанд

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.

Ҳамасола Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ, монанди селобҳову заминларза ва тармафароӣ даҳҳо миллион сомонӣ хисороти молӣ бардошта, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Трамп Кохи Сафедро тарк кард. Байден баъди чанд соат вориди он мешавад. АКС

Вашингтон, 20 январи соли 2021. Президент Доналд Трамп ва хонуми аввал Мелания Трамп Кохи Сафедро тарк мекунанд

Дар Вашингтон, дар пайи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи Амрико, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад.

Маросими савгандёдкунӣ дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад ва Байдени 78-сола кӯҳансолтарин президент дар таърихи Амрико мешавад, ки вориди Кохи Сафед хоҳад шуд. Аввалин бор дар таърихи 152-сола, президенти рафтаистода дар маросими савгандёдкунӣ иштирок намекунад.

Субҳи 20-январ президент Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш ва бонуи аввали кишвар Мелания Трамп Кохи Сафедро тарк карданд.

Трамп Кохи Сафедро барои бори охир баъди соати 8:15 тарк кард ва тавассути чархбол дар 10 дақиқа ба пойгоҳи Эндрюс расид. Дар маросими худоҳофизӣ дар баробари аҳли оилаву хайрхоҳонаш Трамп гуфт, “Барои ман ифтихори калон буд, ки ҳамчун президенти шумо хидмат кунам. Ҳазор раҳмат”. Ӯ бо истифода аз як истилоҳи варзишгарон гуфт, ӯву маъмурияташ “ҳамаро дар майдон гузоштем” (ишора ба он маъно, ки ҳама кор буд шудааст) ва афзуд: “Мо дигар намегӯем, ки “кош, беҳтар кор мекардем”. Ӯ бидуни бурдани номи Ҷо Байден, ки то охир ӯро бо пирӯзиаш табрик накарду ғалабаи ӯро эътироф накард, танҳо гуфт, ки ба маъмурияти нави Кохи Сафед муваффақият орзу мекунад. Трампу оилааш ба иёлати Флорида парвоз карданд, то ки он ҷо зиндагиро ҳамчун шаҳрвандони қаторӣ идома диҳанд.

Муовини президент Доналд Трамп – Майк Пенс гуфт, ки дар ин маросими савгандёдкунии Ҷо Байден ҳозир мешавад ва бисёр ҷумҳурихоҳҳои дигар ҳам ҳамин корро хоҳанд кард.

Қарор аст, дар маросими савгандёдкунии Ҷо Байден президентони гузашта – Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама иштирок кунанд.

Собиқ президент Ҷимми Картери 96-сола гуфтааст, дар ин маросим ширкат карда наметавонад. Дар рӯзи 20-уми январ бо савгандёдкунии Камала Ҳарриси 56-сола дар мақоми муовини президент ҳодисаи нави таърихӣ рӯй медиҳад, чун ӯ аввалин зан ва намояндаи ақаллиятҳои Амрико аст, ки дар ин мақом ифои вазифа мекунад.

Дар остонаи савгандёдкунӣ Байден ва Ҳаррис дар як маросиме иштирок карданд, ки барои гиромидошти хотираи 400 ҳазор қурбонии коронавирус дар Амрико ташкил шуда буд.

Даъвати Аврупо аз ИМА: Равобити дуҷонибаро таҷдид бикунем

Брюссел, 20 январ. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо аз ИМА ва ИА хост, ки дар заминаи равобити дуҷониба “як аҳдномаи наве” имзо кунанд. Шарл Мишел чунин даъватро аз Ҷо Байден кард, ки қарор аст имрӯз дар мақоми президенти ИМА савганд ёд бикунад. ИА ва ИМА қудратҳои азимтарини тиҷоратии ҷаҳонӣ буда, равобити наздики фарҳангиву таърихӣ, тиҷоративу дифоӣ доранд, вале президенти рафтаистода Доналд Трамп Иттиҳоди Аврупоро канор гузошта, аз ҳайати он хориҷ шудани Бритониёро пуштибонӣ кардааст. Мишел гуфт, ки “имрӯз вақти он расидааст, ки равобити байниатлантикии мо, ки дар давоми чор соли гузашта хеле осеб дид, бозбинӣ шавад”. Мишел гуфт, ки даъват мекунад “ба хотири эҷоди Аврупову Амрикои қавитар, як ӯҳдадории наве қабул кунем”. Айни чунин паёмро Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо ҳам баён кардааст. Ӯ гуфт, дар навбати аввал бояд як шӯрои муштараки фанновариҳои муштарак созмон ёбад, то ки бо танзими шакли ҷаҳони рақамӣ машғул шавад.

Баъди чор сол сагҳо ҳам бо соҳибонашон ба Кохи Сафед бармегарданд

Ҷо Байден бо сагаш Меҷор дар Анҷумани башарии Делавер

Баъди чор сол дар паҳлӯи соҳибонашон сагҳо ҳам ба Кохи Сафед бармегарданд. Ҳамроҳ бо ҳамсарон Ҷо ва Ҷилл Байден рӯзи 20-уми январ ба Кохи Сафед сагҳои онҳо Меҷор ва Чемп ҳам мекӯчанд. Аз соли 1860 ба ин тараф Доналд Трамп танҳо президенти Амрико буд, ки на саг, на гурба ва ҳеҷ ҷонвари дигари хонагӣ надошт. Солҳои 1920 президент Келвин Кулиҷ ҳатто енотро ҳамчун ҷонвари хонагӣ дар Кохи Сафед нигаҳ медошт. Меҷор саги овчарка буда, аввалин навъи сагҳои наҷотдиҳанда аст, ки дар Кохи Сафед зиндагӣ хоҳад кард. Оилаи Байден ин сагро соли 2018 аз Анҷумани башарии Делавер гирифта буд. Ин созмон дар изҳороте гуфт, ки зиндагии нави Меҷор баёнгари он аст, ки “ҳар саг метавонад ба орзуи Амрико даст ёбад”. Чемп, ки ҳамчунин овчарка аст, аз соли 2008 дар оилаи Байден зиндагӣ мекунад.

Соли 2019 маълум шуд, ки дар саросари ИМА 67 дарсади аҳолӣ дар хонаашон ҳатман як навъи ҷонваре дорад. Сӣ сол пеш аз ин ин омор 56 дарсад будааст, мегӯяд Анҷумани маҳсулоти ҷонварони хонагӣ.

Шурӯи эмкунии оммавии воксинаи чинии Sinopharm дар Сербия

Белград, 19 январ. Пажӯҳишгоҳи вирусологии Сербия. Златибор Лончар, вазири беҳдошти Сербия аввалин сокини кишвар шуд, ки воксинаи чинии Sinopharm-ро қабул кард

Сербия аввалин давлати аврупоӣ шуд, ки бо истифода аз воксинаи чинии Sinopharm сокинонашро бар зидди COVID-19 эм мекунад. Дар шаҳри Белград навбати калони кормандони соҳаи беҳдошт ва садҳо низомиён саф кашидаанд. Златибор Лончар, вазири беҳдошти Сербия, ки дар пахши зиндаи телевизионӣ аввалин шуда воксина гирифт, гуфт, ки ин кор “танҳо роҳи бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ аст”. Ӯ воксинаро ҳамчун “бисёр амн” таъриф кард. Воксинаи Sinopharm дар бисёр кишварҳои ғарбӣ баҳсбарангез шуд. Чин ин воксинаи сохтаи ширкати Sinopharm's BIBP-ро соли гузашта ба қайд гирифт. Ҳеҷ иттилое дар бораи фоидаи он нашр нашудааст, вале ширкати BIBP гуфтааст, ки бар асоси иттилои дохилӣ, муассирияти ин воксина 79 дарсадро ташкил додааст. Воксинаҳои сохтаи ширкатҳои ғарбии Pfizer/BioNTech ё Moderna дар озмоишҳо нишон додаанд, то 95 дарсад фоидаовар будаанд.

Суханронии Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ

4 сентябри соли 2020 Светлана Тихановская бори аввал аз шаҳри Вилнюс истода дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кард

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ҳафтаи ҷорӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар бораи саркӯбҳои идомаёбандаи эътирозгарон ва матбуоти мустақил дар Беларус суханронӣ хоҳад кард. Тими матбуотии Тихановская дар Телеграм-канали худ гуфт, ки дар суханронии рӯзи 22-юми январ мавзӯи фаъолони зиндонӣ матраҳ хоҳад шуд. Инчунин Тихановская масъалаи шурӯи таҳқиқоти байналмилалии ҷиноятҳои (режими президент Александр Лукашенко)-ро бардошта дар як ҷаласаи расмии Шӯрои амният дар бораи бӯҳрони Беларус суханронӣ мекунад”, омадааст дар хабарнома.

Аз замони саркӯбҳои эътирозгарони режими Лукашенко, ки аз интихоботи баҳсбарангези президентии 9 август шурӯъ шуд, ин бори дуюм аст, ки Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ мекунад. Тихановская - як номзади интихоботӣ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки ӯ дар асл дар инртихобот пирӯз шуд, вале Лукашенко натиҷаҳоро ба манфиати худ тақаллуб кард. Дар саркӯбҳои идомаёбанда дар Беларус ҳазорҳо нафар боздошт ва садҳо нафар шиканҷа шудаанд. ИА ва ИМА интихоби навбатии Лукашенкоро эътироф намекунанд.

Чин иттиҳомоти ИМА дар бораи наслкушии уйғурҳоро рад кард

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ҳуа Чунйин

Чин изҳороти ИМА дар бораи дар наслкушии қавми уйғур ва дигар ақаллиятҳо гунаҳгор кардани Пекинро ҳамчун “як пора коғази бекора” рад кард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳуа Чунйин рӯзи 20-уми январ дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт, ки иттиҳомоти озори гурӯҳҳои аққалияти мусалмон дар вилояти Шинҷони Чин ба шакли наслкушӣ “ҳеҷ гоҳ дар гузашта, имрӯз ва оянда рӯй надодааст ва рӯй нахоҳад дод”.

Посухи ӯ дар ҳоле садо дод, ки котиби давлатии амалкунандаи ИМА Майк Помпео Чинро дар “наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” дар нисбати уйғурҳову дигар аққалиятҳои мусалмон ва сокинони бумии вилояти Шинҷон гунаҳгор кард. Помпео 19-уми январ, як рӯз пеш аз анҷоми мӯҳлати кораш дар Кохи Сафед гуфт, “бовар дорам, ки он ҷо наслкушӣ ҷараён дорад ва мо шоҳиди кӯшишҳои мунтазами хароб кардани уйғурҳо” таҳти назари Ҳизби коммунистии Чин ҳастем.

Ба ҳисобҳои СММ, дар Шинҷон дастикам 1 миллион уйғурҳову дигар намояндагони мусалмонони маҳаллӣ боздошт ва ба “марказҳои зиддитеррористӣ” ҷой карда шуданд. Пекин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо “марказҳои тарбиявиву маълумотгирӣ” ҳастанд, ки ба гуфтааш, ба ин мардум барои “аз терроризм пок шудаву ба ҷомеа пайвастан мусодиат мекунад”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки зери раҳбарии Ҷо Байден сиёсати Кохи Сафед дар нисбати Пекин тағйир намеёбад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ояндаи ҳукумати Байден рӯзи 19-уми январ зимни сӯҳбат дар Кумитаи умури хориҷии Сенат дар бораи “ба лагерҳои консентрасионӣ маҷбуран ҷой кардани мардон, занон ва кӯдакон, талоши бозтарбияи онҳо муносиб ба идеологияи Ҳизби коммунистии Чин”- гуфт. Ӯ афзуд: “Ҳамаи ин баёнгари роҳ додан ба наслкушӣ аст”.

Аз соли гузашта то ба имрӯз ИМА фишорро болои Пекин афзоиш дода, барои поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тайван, Тибет, Ҳонгконг ва баҳри Ҷанубии Чин таҳримҳо ҷорӣ кардааст.

Котиби ояндаи давлатии ИМА аз созиши қавитари ҳастаӣ бо Эрон гуфт

Энтони Блинкен дар назди аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат сӯҳбат мекард. 19 январи соли 2021

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ояндаи ИМА гуфт, ки маъмурияти ӯ дар фикри эҷоди созиши “дарозмуддат ва қавитар”-и ҳастаӣ бо Эрон хоҳад буд. Энтони Блинкен, ки дидгоҳҳои худро ба сиёсати хориҷии Амрико дар чор соли баъдӣ арзёбӣ мекард, таъкид кард, ки айни замон барои дастёбӣ ба созиш бо Эрон фурсати бештар лозим мешавад. Зимни суханронӣ дар назди Кумитаи умури хориҷии Сенат 19-уми январ Блинкен гуфт, ки баробари ба кор шурӯъ кардани президенти нав ба иқдомҳои Эрон ҳам нигоҳ хоҳанд кард, то бубинанд, ки то куҷо ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд аст. Ин дар ҳолест, ки дар як изҳороти ахираш президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз Байден даъват кард, ки ба созиши соли 2015, ки аз он Доналд Трамп соли 2018 берун шуд, баргардад.

Блинкен: "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад"

Энтони Блинкен, номзад ба мақови Котиби давлатии ИМА.

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкен гуфт, маъмурияти президенти тозаинтихоби ин кишвар Ҷо Байден талошҳои мақомоти русро барои хомуш сохтани мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний қотеъона маҳкум мекунад.

"Сухани онҳо, ки назари миллионҳо шаҳрванди Русия аст, бояд дар ин кишвар шунида шавад", - изҳор дошт Блинкен дар ҷаласае, ки аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат номзадии ӯро баррасӣ мекарданд.

Блинкен дар мавриди боздошти Навалний баъди баргашташ ба ватан афзуд, "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад. Ба фикри ман, ҳоло лаҳзае аст, ки ҳамачиро ошкор месозад".

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия барои кишвараш манбаи хатар боқӣ мемонад ва маъмурияти нави Амрико ба ин таҳдид ҷиддан таваҷҷуҳ хоҳад кард. "Бисёр масъалаҳо ҳастанд, ки бояд баррасӣ шаванд. Вале ин масъала дар сархати мавзуъҳои маъмурияти нав қарор дорад", - гуфт Блинкен.

Алексей Навалнийро, ки баъд аз муолиҷа аз Олмон баргашт, 18-уми январ бо қарори додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Полис Навалнийи 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, Навалний барои нақзи чандкарати шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд.

Дар ИМА ва ИА талафот бар асари COVID-19 аз 400 ҳазор бештар шуд

Дар назди як беморхонаи Тотористон. Наздикони гирифторони COVID-19

Дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шумори талафоти инсонҳо аз COVID-19 аз 400 ҳазор нафар гузашт. Ин омор дар ҳолест, ки дар ин ду қора талошҳо барои суръат бахшидани ҷараёни эмкунӣ бар зидди коронавирус афзоиш меёбад ва айни замон, нигарониҳо аз зуд паҳн шудани шакли нави вирус ҳам вуҷуд дорад.

Ҷо Байден, ки қарор аст имрӯз ба ҳайси президенти нави ИМА савганд ёд кунад, ваъда додааст, ки барномаи азими эмкунии сокинони ИМА-ро дар авлавияти кори худ қарор медиҳад. Дар маросими гиромидошти хотири қурбониҳои COVID-19, ки 19-уми январ дар Вашингтон баргузор шуд, ӯ гуфт, “ба хотири шифо ёфтан мо бояд дар ёд дошта бошем”. Ӯ афзуд: “Миёни ғуруби офтоб ва тирагӣ ин торикиро рӯшан кунем ва хотири онҳоеро, ки аз даст додем, гиромӣ дорем”.

Барои президенти нави ИМА муқобила бо коронавирус, ки танҳо моҳи гузашта ҷони 100 ҳазор нафарро гирифту беморхонаҳоро таҳти фишори афзоянда қарор медиҳад ва ба иқтисод ҳамоно осеб мерасонад, як чолиши азиме хоҳад буд. Дар Иттиҳоди Аврупо ҳам, ки шумори фавтидаҳои аз COVID-19 аз 400 ҳазор нафар гузаштааст, пешбинӣ мешавад, ки 70 дарсади аҳолии иборат аз 446 миллион нафар имкон дорад то миёнаҳои соли ҷорӣ эм карда шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ИА барои нокофӣ будани шумори воксинаҳо мавриди интиқод мебошад.

Як зан дар Узбекистон мехост, дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ занад

Сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон Фотима Усмоноваро, ки 15 январ мехост, ба нишони эътироз худсӯзӣ кунад, ҳамсояҳояш наҷот доданд.

Ба гуфтаи Усмоноваи 42-сола, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон дар набудани ӯ дари хонаашро шикаста, тамоми чизу чораашро ба кӯча баровардаанд. Усмонова баъди дидани ҳодиса хостааст, худро оташ занад, вале ҳамсояҳояш ӯро нагузоштаанд.

Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон 15 январ замоне дари хонаи Усмоноваро шикастанд, ки ӯ барои коре ба шаҳри Тошканд рафта буд. Ба гуфтаи як ҳамсояи Усмонова, маъмурони бюро бо вуҷуди мухолифати онҳо дарро шикаста, вориди хона шуданд.

Фотима Усмонова мегӯяд, моҳи декабри соли 2013 барои хариди хона аз Бонки "Турон"-и Фарғона 80 млн сӯм (7,6 ҳазор доллар) қарз гирифта буд ва бояд ин пулро дар давои 10 сол бо фоизи солонаи 18-дарсадӣ бармегардонд. Бонк низ дар ивази қарз он замон хонаи ӯро, ки 23 ҳазор доллар харидорӣ шуда буд, ба гарав гирифтааст.

Вале бонк ба далели он ки ӯ натавонистааст, соли 2019 ҳудуди 5 моҳ пул пардохт кунад, хонаро дар музояда гузошта, ба каси дигар фурӯхтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Усмонова, муҳлати пардохти қарзи ӯ соли 2023 ба поён мерасид ва сабаби напардохтани маблағ низ бекор мондани ӯ аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG