Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 сенатори амрикоӣ тасмим доранд, пирӯзии Байденро дар интихоботи Амрико ба баҳс кашанд


Тед Круз гуруҳи вакилони норозиро раҳбарӣ мекунад
Тед Круз гуруҳи вакилони норозиро раҳбарӣ мекунад

11 сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико мехоҳанд, баранда шудани Ҷо Байденро дар интихоботи охири президентии Иёлоти Муттаҳида ба баҳс кашанд. Дар ин бора сенаторҳо дар сомонаи раиси иёлати Техас Тед Круз изҳороти якҷоя нашр карданд.

Оғози ҳафтаи гузашта танҳо Ҷош Ҳоулӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки гуфт, натиҷаҳои интихоботро ба баҳс мекашад. Сенаторҳои дигар бо вай ҳамовоз шуданд. Баъзе аз ҷумҳурихоҳон дар Конгресс, палатаи поёнии порлумони Амрико, низ фикр доранд натиҷаҳои интихоботро инкор кунанд.

Дар изҳороти якҷояи сенаторҳо омадааст, онҳо овоз хоҳанд дод, то ки натиҷаи интихобот дар иёлоте, ки ба бовари ҷонибдорони Доналд Трамп, президенти амалкунанда, фиреб шудааст, эътироф карда нашавад. Сенаторҳо гуфтаанд, ба ташкили комиссияи фаврие даъват мекунанд, ки ин фиребро тафтиш кунад.

Расонаҳои Амрико навиштанд, ин изҳорот ва тасмими сенаторҳо рамзӣ буда, барои ба курсӣ нишастани Ҷо Байден монеа намешавад.

XS
SM
MD
LG