Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарар" ҷуброн шуд. Чаро ҷазои рӯзноманигори зиндониро сабук накарданд?  


Муҳаммадюсуф Исмоилов дар миёни рӯзноманигорон пас аз раҳоӣ аз зиндон дар соли 2011.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик дар маҳбас нигарон аст, ки ҷуброни зарари мақомот муайян кардаро пардохтааст, вале ҷазояшро сабук накарданд.  

Рӯзноманигор ин ҳукмро беасос ва интиқом барои интиқодҳояш донист

Ин рӯзноманигор, ки дар бораи камбудиҳои мансабдорони ноҳияи Ашт мақолаҳои танқидӣ менавишт, ҳафту ним солро паси панҷараи зиндон сипарӣ кард ва 1 солу 7 моҳ аз муҳлати ҳабсаш боқӣ мондааст.

ИНТИҚОМ БАРОИ ИНТИҚОД?

Муҳаммадюсуф Исмоиловро 28 -уми октябри соли 2013 додгоҳ бо иттиҳоми “тамаъҷӯии такрорӣ“, “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” барои 10 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард. Рӯзноманигор ин ҳукмро беасос ва интиқом барои интиқодҳояш донист.

Ӯ дар охири моҳи декабри соли гузашта аз маҳбас паём дод, ки маблағи зарарро 10 моҳ пеш пардохт ва то ҳол умедвор аст, ки мақомот ӯро озод мекунанд, ё ба маҳбаси дорои низоми сукунат мегузаронанд. Ин маблағе буд, ки мақомот гуфтанд, ӯ гуё аз як шаҳрванд тамаъ кардааст. Додгоҳ талаби тағйири шароити нигаҳдории ӯро қонунӣ донистааст, вале мақомоти маҳбас номумкин медонанд.

Исмоилов хостори дидору суҳбат бо прокурори назорати маҳбасҳо шудааст. Паёми ӯро як рафиқаш, ки аз ҳабс, аз назди Исмоилов озод шудааст, ба Радиои Озодӣ расонд.

Исмоилов ҳашту ним сол боз дар зиндони рақами 5/3 дар шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфтааст, то озод шуданаш 1 солу 7 моҳи дигар мондааст ва умед дорад, зинда аз паси панҷараи зиндон раҳо мешавад.

ПОСУХҲОИ БА ҲАМ ЗИД

Мақомот ба қазияи бозбинии ҷазои Исмоилов баъди 7 моҳ ва номаи расмии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон - НАНСМИТ посух гуфтанд.

Раёсати иҷрои ҷазо дар Суғд
Раёсати иҷрои ҷазо дар Суғд

Масъулони маҳбаси рақами 3 дар шаҳри Хуҷанд моҳи сентябр посух дод, ки сабук кардани ҷазои ӯро "имконнопазир" медонад. Дар посухи хаттии ин муассиса, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ гардид, омадааст, ки Исмоилов бо моддаи 250, қисми 2 - "тамаъҷӯӣ" айбдор аст ва Кодекси ҷиноӣ бо ҷарима иваз кардан, ё аз ҳабс озод намудани ин гуруҳ маҳбусонро пешбинӣ накардааст.

Дар шарҳи ин тасмим рӯзи 30-юми декабр аз Раёсати иҷрои ҷазо дар вилояти Суғд гуфтанд, ки он баъди машварат бо мақомоти прокуратура ва суд гирифта шудааст.

Додгоҳи вилояти Суғд дар ҷавоби хаттӣ ба Исмоилов машварат додааст, ки барои сабук кардани ҷазояш, худ ё тавассути адвокат, ба додгоҳ муроҷиат кунад.

"БАРОИ ОЗОДИИ Ӯ МУХОЛИФАТЕ НАМЕБИНАМ"

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқушиноси созмони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, агар мақомот бихоҳанд, дар қонун ба озод кардан ё ба маҳбаси низомаш сукунат гузаронидани Исмоилов мухолифате намебинад.

Муҳаббат Ҷураева бо Муҳаммадюсуф Исмоилов. Акс аз соли 2011
Муҳаббат Ҷураева бо Муҳаммадюсуф Исмоилов. Акс аз соли 2011

Ӯ мегӯяд, "аз рӯи моддаи 49-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҳолати ҷуброни зарар суд метавонад ҷазои маҳкумшударо иваз ва сабук кунад. Инчунин, пас аз нисф гузаштани адои ҷазо ҳам иваз кардани ҷазои ҳабс ба режими сукунат мумкин аст".

Муҳаммадюсуф Исмоилов маъюби дараҷаи 3 буда, ду бор аз гӯш ва пояш ҷарроҳӣ шудааст. Ӯ дар як номаи қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки паси панҷараи зиндон саломатиаш нохуб шудааст. Ҳамсари ӯ бо ду кӯдаки хурсол дар хонаи иҷора дар ноҳияи Ашт зиндагӣ доранд.

Маҳтоббӣ Абдуллоева, ҳамсари Исмоилов рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори зиндагиро танҳо, ба сахтиву машаққат мекашад. Бо 200 сомонӣ нафақаи корношоямии шавҳараш ва дастмузди корҳои муваққатӣ рӯз мегузаронанд.

"Бекор, сарсону саргардон, дастнигари мардум шудем. Яке каме орду руған медиҳад, як савобталаб - каме биринҷу нон . Магар мешавад инро зиндагӣ гуфт ?!"--афзуд хонум Абдуллоева.

"ТАМАЪҶӮӢ" БА МАБЛАҒИ 400 СОМОНӢ

Исмоилов дар маҳбас гуфтааст, ҳама талошаш барои он аст, ки дар ин давраи сангини вабои КОВИД-19 барвақттар назди ҳамсару кӯдаконаш баргардад ва бори зиндагии рӯи шонаи онҳоро сабук кунад.

Моҳи феврали соли равон 5 ҳазор сомониро Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири сомонаи мустақили "Бомдод", қароргоҳаш дар Прага ба хотири ба маҳбаси низомаш сукунат гузаронидани Муҳаммадюсуф Исмоилов пардохт кард.

Аз соли 2013, аз замони ба 10 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шудан дар ду афви умумие, ки эълон шуд, мақомот солхӯрдагӣ, маъюбӣ, падари ду тифли ноболиғ ва зарар ба ҷомеа набудани ҷурми Исмоиловро ба назар нагирифтанд ва ӯро афв накарданд.

Танҳо моҳи октябри соли 2019 аз рӯи Қонуни афв 1 солу 4 моҳу 20 рӯз аз мӯҳлати ҷазои ӯро кам карданд.

Ба иттилои масъулони маҳбаси рақами 3, муҳлати ҳабси Исмоилов 4-уми августи соли 2022 поён меёбад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов бо Нуриддин Қаршибоев. раҳбари НАНСМИТ
Муҳаммадюсуф Исмоилов бо Нуриддин Қаршибоев. раҳбари НАНСМИТ

Созмонҳои ҳомии озодии матбуот инро як ҳукми беҳад сангин барои "тамаъҷӯӣ" ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ номидаанд. Онҳо мегӯянд, бо зиндонӣ кардани Исмоилов ба муҳлати тӯлонӣ мақомот муносибати худ бо рӯзноманигорони ошкоргӯро, ки аз фош кардани асрори кору фаъолияти мансабдорон ҳарос надоранд, ба намоиш гузошт.

ДОДГОҲИ ОЛӢ ҲУКМРО "ВАЗНИН ДОНИСТ", АММО...

Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳукмро “вазнин” дониста буд ва аз Раёсати додгоҳи вилояти Суғд хост, парвандаро бозбинӣ ва мӯҳлати ҳабси Исмоиловро кам кунад, аммо Раёсати додгоҳи Суғд ин пешниҳодро “беасос” номида, рад кард.

Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" дар ҳаққи мақомоти маҳалии ноҳияи Ашт бо парвандаи "тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ” боздошт карда, муддати 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд.

Мақолаи Исмоилов
Мақолаи Исмоилов

Худи Исмоилов боздошт ва ҳукми дуюми зиндонашро ҳам идомаи интиқоми мақомоти маҳаллӣ аз фошгӯиҳояш дар матбуот меномад.

Ӯ соли 2014 дар номаи иборат аз 170 саҳифа ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, ки "ба давлату ҷамъият хиёнат накардааст ва пули давлатро ноҳақ истифода набурдааст". Танҳо “ба хотири ободии диёр” ва “рафъи қонуншиканиҳо” “мақолаҳои тезутунд” менавишту дар матбуот чоп мекард. Ӯ аз раисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ӯро ба хотири пош нахӯрдани хонаводааш, ки ризқашон аз нони рӯзноманигориву газетафурӯшӣ буд, аз зиндон озод намояд. Ҳамсараш ҳам борҳо хостори афв ва озод кардани Исмоилов шуд. Зоҳиран, илтиҷоҳои рӯзноманигори бемор шунида нашуд.

Соли 2015 шоҳидони асосии парванда алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов эълон карданд, ки иттиҳомоти зидди ӯ натиҷаи як саҳнасозии мақомот буд. Онҳо ба бозбинии парвандаву сабук кардани ҳукми Исмоилов талош карданд, вале баъдан, иқрор шуданд, ки зери фишору таҳдид аз ин тасмим даст кашиданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG