Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилоятҳои Туркманистон кандани банкоматҳо идома дорад


Бинои ҳукумати Туркманистон дар шаҳри Ишқобод. Ноябри соли 2020
Бинои ҳукумати Туркманистон дар шаҳри Ишқобод. Ноябри соли 2020


Дар шаҳру ноҳияҳои Туркманистон кандани банкоматҳо идома дорад. Дар маркази баъзе аз ноҳияҳои ин кишвар тақрибан бонкомат намондааст. Аз ҷумла, дар вилояти Лебапи Туркманистон шумори банкоматҳо тақрибан ним баробар кам шудааст. Банкоматҳои мавҷуда низ нақдина надоранд ё навбатпоиҳои тулонӣ дар наздашон мушоҳида мешавад.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияи Фороби Туркманистон аз 19 банкомат 6 то боқӣ мондааст. Шумори банкоматҳои ноҳияи Дарганата ҳам, ки 27 то буданд, ба 8 расидааст.

Коҳиши теъдоди банкоматҳо навбатпоиҳо барои нақдинаро тулонитар кардааст. Дар ҳоли ҳозир бар сари ҳар 3 минтақаи аҳолинишини вилояти Лебап 1 банкомат рост меояд ва он ҳам аксари вақт пул надорад. Раванди барчидани банкоматҳо дар Туркманистон тобистони соли равон оғоз шудааст. Ин иқдом дар пасманзари камбуди нақдина ва навбатпоиҳои тулонӣ дар назди банкоматҳо дар Туркманистон руи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG