Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2020 бо ҷаҳон чӣ кор кард? ВИДЕО


Коронавирус дар соли гузашта, дар ҷаҳон бесарусомониҳои зиёде овард. Дар баробари пандемия, ҳаводиси зиёди дигаре ҳам буд, ки дар ин сол дунёро тағйир дод. Сар аз қатли як шахси бонуфузи Эрон то эътирозҳои оммавӣ дар Белорус ва ҷанги байни Арманистону Озарбойҷону интихоботи баҳсбарангези Амрико.

Пурсарусадотарин ҳодиса дар оғози соли 2020, куштори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон буд. Ӯ рӯзи 3-юми январ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико, дар Бағдод кушта шуд. Мақомоти Амрикоӣ, Қосим Сулаймониро дар қатли садҳо сарбози худ, муттаҳам дониста, гуфтаанд, ки ӯ ҳамлаҳои дигарро тарҳрезӣ мекард. Қатли ӯ эрониҳоро ба хашм овард ва онҳо парчами Амрико ва кишварҳои дигари ғарбиро оташ заданд. Мақомоти Эрон ҳушдор доданд, ки "интиқом" мегиранд.

8 январ - ҳавопаймои мусофирбари, ширкати ҳавопаймоии Украина, баъди парвоз аз Эрон, дар дар наздикии фурудгоҳи Теҳрон бо мушак зада шуд. 176 мусофири, аз ҷумла даҳҳо шаҳрванди Эрон ва Канада ҷон доданд. Баъди чанд рӯзи фоҷиа Эрон гуфт ҳавопайморо иштибоҳан задаанд. Суқути ҳавопаймо дар пасманзари шиддат гирифтани таниш дар муносибати Эрон бо Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт.

16 январ – Мурофиаи “импичмент” ё эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп, президенти акнун собиқи Амрико, оғоз шуд. Маҷлиси намояндагони Амрико Доналд Трампро ба сӯиистифода аз мақом муттаҳам кард. Демократҳо иддао карданд, ки Трамп ба Украина фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден тафтишот оғоз кунад. Трамп ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ки ӯро бе ягон сабаб айбдор мекунанд. 5-уми феврал Сенат, палатаи болоии Конреси Амрико, ки дар дасти Ҷумҳурихоҳон аст, Трампро орӣ аз гуноҳ эълон кард.

20-уми январ мақомоти Чин хуруҷи коронавирусро дар шаҳри Вуҳан тасдиқ карданд. Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз паҳншавии беморӣ дар гузаргоҳҳои Вуҳан, назорат шадид ва роҳҳо баста шуданд. Барои беморон, ки теъдодашон торафт афзоиш меёфт, дар шаҳр сохтмони беморхонаҳои нав оғоз шуд.

Ин ҳама ва бақияи муҳимтарин ҳодисаҳои солро дар видео бубинед:

Ҷаҳон дар соли 2020. Аз қатли Сулаймонӣ то ҷанги Қаробоғи куҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:15 0:00

XS
SM
MD
LG