Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони RFE/RL сарпарасти худро ба “истиқлолрабоӣ” айбдор карданд  


Майкл Пак
Майкл Пак

Шӯрои таҳририяи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL), ки ба 23 бахши гуногунзабони ин ниҳод раҳбарӣ мекунад, бо ирсоли як номаи эътирозӣ раҳбари оҷонси назоратии худро ба “рабудани истиқлоли созмони хабарие” айбдор кард, ки нигаҳбонӣ ва сарпарастиияш ба ӯ супорида шудааст.

Ин нома ҳамчунин раҳбари Созмони расонаҳои ҷаҳонии ИМА ё USAGM Майкл Пакро, ки аз сӯи президент Доналд Трамп пешниҳод ва дар моҳи июн аз сӯи Сенати зери назорати ҷумҳурихоҳон таъйид шуда буд, ба талоши ҳадди аксар барои “таҳти назорати танҳо як ҳизби сиёсӣ” гирифтани Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ муттаҳам мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз баъд намояндаи Ҳизби демократ Ҷо Байден савганди президентӣ ёд мекунанд.

Дар ин нома аз рӯзи 30-юми декабр, ҳафт узви ҳайати таҳририяи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва аксарияти раҳбарони бахшҳои радио имзо гузоштанд ва он ҳамчунин ба Сенат ва Маҷлиси намояндагон, қонунгузорон аз ҳарду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ ва низ раҳбарияти тими интиқолии USAGM таъйиншуда аз сӯи Байден, фиристода шудааст.

Дар вокуниш Майкл Пак дар суҳбат бо телевизиони CNBC, ин номаро “пур аз хатоҳо” хондааст. “Ҳеч талоше барои хатар андохтани (шабакаҳо) аз нуфузи сиёсӣ нашудааст. Баръакс ҳамаи корҳое, ки анҷом додам, бар асоси масъулият ва ваъдаҳои ман барои амалӣ кардани рисолати аз тарафи конгресс додашудаи USAGM будааст”, - гуфтааст Пак.

Ҳафтаи гузашта Байден ва тими интиқолии ӯ бо раҳбарии Ричанд Стенгел гуфтанд, ки амалкарди ҷаноби Пакро пурра баррасӣ хоҳанд карда ва ишора карданд, ки метавонанд, ӯро барканор кунанд.

Як додраси федералии Амрико дар моҳи ноябр ҳукм содир кард, ки Пак дар иртибот бо бозтоби хабарӣ ва ҳайати таҳририи созмоне, ки вай бар он назорат мекунад, нодуруст амал кардааст ва ба ӯ дастур дод, ки аз мудохила дар ин арсаҳо даст бардорад.

Эътирози ахир ду ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки Пак хабарнигори пешини “Садои Амрико” Тед Липиен (Ted Lipien)-ро ба унвони президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ муаррифӣ кард. Ҳамчунин дар сатҳи раҳбарии “Садои Амрико” ва дигар ниҳодҳои зери назари USAGM тағйиротҳое сурат гирифт.

Дар номаи 30 декабр кормандони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Пакро барои тағйир додани шартномаи сармоягузорӣ бо ин ниҳод бо мақсади “бекор кардан”-и соҳибихтиёрии молӣ ва “то ду соли дигар дар мақомашон нигоҳ доштани шӯрои мудирони таъйинкардааш” танқид карданд.

Дар нома далел оварда шудааст, ки чунин иқдом “ба раванди таъйини кадрҳо, ки дар қонун ва ойинномаҳо дарҷ шудааст, мухолифат дорад ва дақиқан навъе бозии қудрати сиёсӣ аст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба таври мунтазам дар ҷойҳое чун Русия, Маҷористон, Белорус ва Тоҷикистон шоҳиди он аст”.

Дар ин нома ба озору шиканҷа таҳти қонуни “гумоштаҳои хориҷӣ” дар Русия, ки рӯзноманигоронро ҳадаф қарор додааст, ҳамчунин кори беш аз 1000 хабарнигор ва 21 бюро, ба шумули кушта шудани панҷ хабарнигор дар як соли ҷорӣ ишора шудааст.

Давраи раҳбарии Пак дар USAGM шаш моҳ пеш бо барканории шуморе аз мудирони ахбор ва ҷойгузиниҳо, ба шумули Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ оғоз шуд Демократҳо ва бархе аз ҷумҳурихоҳон ҷаноби Пакро ба табдил додани шабакаҳои хабарӣ ба расонаҳои тарафдори Трамп муттаҳам карданд. Тибқи қонун созмонҳои хабарии зери назорати USAGM бояд объективӣ амал кунанд ва балансро риоя намоянд.

Дар ин нома Пак муттаҳам шудааст, ки на танҳо дар вазифаи худ кутоҳӣ кардааст, балки иқдомҳои барқасдона барои заиф кардани ин ниҳодро анҷом додааст. “Дар ин лаҳзаи ҳассос дар таърихи мо, аз Шумо мехоҳем, ки аз рӯзҳои боқимондаи раҳбарии худ барои ҳимоят аз интиқоли ҳирфавӣ ва шаффофи қудрат ба маъмурияти нави USAGM истифода кунед”,- омадааст дар ин нома.

XS
SM
MD
LG