Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 14 касро барои оташ задани маъбади ҳиндуҳо дастгир карданд


Ончӣ ки аз маъбади ҳиндуҳо мондааст.
Ончӣ ки аз маъбади ҳиндуҳо мондааст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки 14 нафарро барои оташ задани як маъбади садсолаи ҳиндуҳо дастгир кардаанд. Пулиси ноҳияи Карак дар вилояти қабиланишини Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, ки амалиёт барои боздошти дигар касоне, ки дар ҳамла ба маъбад нақш доштанд, идома дорад.

Пулиси ноҳияи Карак гуфт, муллоҳои маҳаллӣ бештар аз 1000 нафарро ташвиқ кардаанд, ки ибодатгоҳи ҳиндуҳоро оташ зананд, чунки чанде пеш ҷомеаи ҳиндуҳо хонаеро дар назди ин маъбад харида ва таъмири он оғоз кардаанд. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, дида мешавад, ки чӣ гуна издиҳоми бузурге ибодатгоҳи ҳиндуҳоро вайрон мекунад ва дуди ғализе ҳам аз он ба ҳаво мепечад.

Дар Покистон, ки аксарияти аҳолиаш мусулмон ҳастанд, 8 миллион аққалияти ҳинду зиндагӣ мекунанд ва солҳои ахир азияту озор ва ҳамла ба онҳо зиёд шудааст. Аксарияти ҳиндуҳо дар вилояти ҷанубии Синдҳ дар марз бо Ҳинд зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Покистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамла ба ибодатгоҳро қотеона маҳкум карданд. Намояндаи ҳукумати вилояти Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, онҳое, ки дар ҳамла даст доштанд, беҷазо намемонанд.

XS
SM
MD
LG