Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мусофири метрои Маскав ҳангоми амалиёти боздошташ ҷон додааст


Як истгоҳи метрои Маскав
Як истгоҳи метрои Маскав

Мусофири як метро дар шаҳри Маскав ҳангоми боздошти маъмурони пулис фавтидааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ иттилоъ дод.

Ҳодиса шаби 26-уми декабр дар даромадгоҳи истгоҳи "Шугинская" рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳалокшуда ҳангоми талоши шикастани банкомат дастгир шудааст. Дар Раёсати корҳои дохилии Маскав гуфтаанд, ӯ ба кормандони пулис муқобилият нишон дода, ҳангоми боздошт аз ҳуш рафт.

Дар канали “ЧП Москва” дар Телеграм навори ҳодисаро нашр карданд. Дар он дидан мумкин аст, ки дар амалиёти боздошт 6 маъмури пулис ҳузур доранд ва боздоштшуда талоши раҳо шуданро дорад, аммо зӯроварӣ нишон намедиҳад. Кормандони пулис ӯро ба замин хобондаанд ва ӯ дод мезанад, ки “таслим шудам”.

Муаллифи навор навиштааст, боздошти мард аз он шуруъ шуд, ки ӯ ниқоби тиббӣ надошт. Ба гуфтаи шоҳиди ҳодиса, пас аз он ки нисбат ба дастгиршуда зӯроварӣ истифода шуд, ӯ дод задааст, ки “ман Путинро интихоб кардам - ман озодиро интихоб кардаам”. Дар видео мушоҳида мешавад, як корманди пулисе ҳам, ки дар ин ҳодиса ҳузур дорад, ниқоби тиббӣ надорад.

XS
SM
MD
LG